Анварбеки Абунаср
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Анварбеки Абунаср (Анварбек Абунасров; тав. 15 январи 1947, деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи шуъбаи ғоибонаи факултети забон ва адабиёти Институти давлатии педагогии Ленинобод (1969). Омӯзгори мактаби миёна (1964 – 2005). Аз соли 2005 муаллими Донишгоҳи озоди шаҳри Панҷакент ва сармуҳаррири г. «Махзани илм»-и ҳамин донишгоҳ. Аз давраи таҳсил дар мактаби миёна ба шеъргӯӣ оғоз кардааст.
Аз соли 1991 то 2009 17 маҷмӯааш ба табъ расидаанд: «Расид айёми тобистон» (1991), «Умеди сабз» (1994), «Гулафшони хаёл» (2007), «Рӯдакӣ ва Лоиқ», «Гулбоғи ғазал» (ҳарду 2008) ва ғ. Се маҷмӯаи ашъори навқаламонро таҳрир карда ба табъ расондааст («Бунафшаи Зарафшон», 1991, «Понздаҳ барг», 2008, «Ворисони Рӯдакӣ», 2008).
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аълочии маорифи Тоҷикистон (2004), Аълоичии матбуоти Тоҷикистон (2008). Дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоиқ Шералӣ (муассис Ҳукумати шаҳри Панҷакент; 2008). Бо ордени Шараф (дараҷаи I; 2007) ва медали «Нишони сухан» (2008), сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 2000.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.