Jump to content

Анвар Раҳматовна Камолова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анвар Раҳматовна Камолова
Анвар (Анора) Раҳматовна Камолова
Таърихи таваллуд 1 январ 1932(1932-01-01)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт номаълум
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин,
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1988)

Анвар (Анора) Раҳматовна Камолова (тав. 01.01.1932, ш. Самарқанд) — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1972), дотсент (1974). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1988)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1953 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1953–1955 муаллими забони англисии мактаби № 3 ш. Ленинобод, 1955–1969 муаллими забони англисӣ дар донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1969–1980 мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии тиббии ш. Душанбе ба номи Абӯали ибни Сино, 1980–1993 мудири кафедраи забони англисии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1993–1997 мудири кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 1997–1998 дотсенти кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1998 ҳамчун дотсенти кафедраи забони англисии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, фаъолият мекард. Муаллифи зиёда аз 30 таълифоти илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Оид ба пешояндҳои забони тоҷикӣ ва эквиваленти онҳо дар забони англисӣ кори илмӣ бурдааст. Рубоиҳои зиёди тоҷикиро ба забони англисӣ тарҷума намудааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1988) сарфароз карда шудааст.

Адабиёт доир ба А. Камолова

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С. Имомов. - Душанбе, 2011