Jump to content

Ангстрем

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

А́нгстрем (ишора: Å) — воҳиди ченкунии дарозӣ, ки ба ҳиссаи даҳмиллиардяки метр баробар аст (1Å= 10–10 м).

Ангстрем асосан дар оптика, физикаи атом ва молекулавӣ, астрономия истифода мешуд. Ба шарафи физик ва астрономи швед Андерс Ангстрем номгузорӣ шудааст (1868). Сабаби дар илми физика дер боқӣ мондани истилоҳ он аст, ки андозаи тақрибии атоми гидроген ва рӯяи панҷараи атом ба ангстрем баробаранд. Ҳозир ба ҷойи ангстрем бештар нанометр (нм) истифода мешавад, ки ба 10 Å баробар аст.