Андезит
Андезит (аз исп. Andes — номи кӯҳҳои Анди Амрикои Ҷанубӣ) — ҷинси кӯҳии эффузивии сохташ порфирӣ. Таркиби муътадили кимиёӣ: SiO2 56-64 %, TiO2 0.5-0.7 %, Al2O3 16-21 %, Fe2O3 3-4 %, FeO 3-5 %, MgO 3-4 %, CaO 6-7 %, Na2O 2-4 %, K2O 1-2 %[1]
Асосан аз шпатҳои даштӣ таркиб ёфта, ба миқдори кам биотит, авгит, амфибол, сироксен, баъзан оливин ё кварс дорад. Рангаш сиёҳ, сиёҳтоби хокистарӣ, бӯр ва ғайра. Дар натиҷаи хунук ва шах шудани гудозаи вулқонҳо ба вуҷуд меояд. Қисми зиёди гудозаҳои вулқонҳои қадима ва ҳозира аз базалту андезит иборатанд. Онҳо дар ноҳияҳои вулқонҳои қадима – Урал, Қазоқистони Марказӣ ва Ӯзбекистону Тоҷикистон (қаторкӯҳҳои Чатқал, Қурама, Ҳисор, Паси Олой, Дарвоз ва ғайра) ва Камчатка майдонҳои васеъро ишғол мекунанд. Андезит чун масолеҳи бинокорӣ ва ашёи кислотатобовар ба кор меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Петрографический кодекс России. — СПб.: ВСЕГЕИ, 2008. — С. 104. — 200 с. — 1 500 экз. — ISBN 978-5-93761-106-2
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андезит // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.