Андова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Андова — як навъ асбоби гилкорӣ, ки онро барои молиш ва тахту ҳамвор кардани гаҷхок, регоҳак, каҳгил, гаҷ ва ғайра ба рӯйи чизе (бом, девор, суфа ва ғайра) истифода мебаранд. Андова, одатан, аз оҳани тунуки 2-миллиметра (дарозиаш 30 — 40 см, бараш 8 — 10 см) сохта шуда, дастааш чӯбин ё оҳанин мебошад. Андоваро аз чӯб ҳам месозанд, ки он ду навъ мешавад: калони чӯбин (дарозиаш 90 см, бараш 12 см) ва хурди пардозӣ (дарозташ 32 см, бараш 10 см).

Андова — қабати пардозие, ки онро маҳлули бинокорӣ (гил, гаҷ, оҳак ва ғайра) дар сатҳи конструксияи биноҳо (девор, девора, шифт ва г.) ва иншоот ба вуҷуд меоварад, Ин қабат дар бинокорӣ барои ҳамвор ва ба пардози оянда (рангмолӣ, часпондани коғази зардеворӣ) тайёр кардани конструксияҳо, ҳифзи онҳо аз таъсироти атмосферӣ, оташ, барои баланд бардоштани садоногузарӣ, инчунин гарминигоҳдорию хушнамуд кардани сатҳҳо истифода бурда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]