Андозаи мусиқӣ
Андозаи мусиқӣ — миқдори ҳиссаҳои дорои дарозии муайянест, ки тактро ба вуҷуд меорад. Андозаи мусиқӣ дар намуди каср мустаъқилмаъно ифода мегардад, аҳамиятнокии дарозии як ҳисса (ченак)-и ягона дар шумораи касрӣ ҳамингуна миқдори ҳиссаҳоро дар такт нишон медиҳад.
- Андозаи мусиқӣ ба навъҳои сода, мураккаб, омехташуда ва тағйирёбанда тасниф мешаванд.
Андозаи мусиқиҳои сода
[вироиш | вироиши манбаъ]Андозаи мусиқиҳои сода иборатанд аз ҳиссаҳои одии ададҳои тақсимнашавандаи дуякӣ ё сеякӣ; дар Андозаи мусиқии дуҳиссагӣ, ҳисаи 1-ум шиддатнок; 2-юмаш бешиддат (суст); дар андозаи дуҳиссагӣ ҳиссаи 1-ум шиддатнок, 2-юмаш бешиддат (паст). Дар байни андозаҳои сода аз ҳама бештар 2/2, 2/4, 3/4 ба назар мерасанд. Андозаи мусиқиии 2/2 (ҳамчунин бо ₵ ишорат мегардад), аз 2-ҳиссаи нимпурра иборат аст, одатан alla breve (ит. - кӯтоҳ), ки як қадар иҷрои тезтари (2 баробар) ин дарозиҳои тулониро ифода мекунад.
Андозаи мусиқиҳои мураккаб
[вироиш | вироиши манбаъ]Андозаи мусиқии мураккаб иборатанд аз пайвастани якчанд андозаҳои якхелаи сода (яъне 2 -ҳиссагӣ ё 3 -ҳиссагӣ). Дар байни андозаҳои мураккаб бештар паҳн гардидаанд: 4/4 (ҳамчунин бо ₵ ифода мегардад) – иборат аст аз 2 гурӯҳ бо 2/8; 6/8 иборат аст аз 2 гурӯҳ бо 3/8; 9/8 иборат аст аз 3 гурӯҳ бо 3/8; 12/8 иборат аст аз 4 гурӯҳ бо 3/8. Дар Андозаи мусиқии мураккаб ғайр аз задаи ҳиссаи 1-ум ҳамчунин аксенти нисбатан пастар дар ҳиссаи аввали ҳар як гурӯҳ аз ингуна Андозаи мусиқии мураккаб ба вуҷуд меояд: дар А.-и 4/4 - дар чоряки 3-юм; дар А.-и 6/8 – дар ҳаштякӣ 4-ум; дар А.-и 9/8 – дар ҳаштякӣ 4-ум ва 7-ум; дар А.-и 12/8 – дар ҳаштякиҳои 4-ум, 7-ум ва 10-ум рост меоянд.
Андозаҳои омехташуда ва тағийрёбанда
[вироиш | вироиши манбаъ]Андозаҳои омехташуда аз Андозаҳои содаи омехтаи ҳархела иборатанд (яъне 2-ҳиссагӣ ва 3-ҳиссагӣ). Дар байни Андозаҳои омехташуда бештар инҳо паҳн гардидаанд: Андозаи 5/4 – аз 2 гурӯҳ иборат аст: 2/4 + 3/4 ё 3/4 + 2/4. Дар ҳиссаи 1-уми тақт задаи шиддатнок, дар ҳиссаи 1-уми гурӯхи 2-юм нисбатан задаи камшиддат меафтад.
Навъҳои дигари Андозаҳои омехташуда дар мусиқии тоҷикӣ бештар ба назар мерасанд: Андозаи 7/8 – иборат аз 2 гурӯх: 3/8 + 4/8 ё 4/8 + 3/8; ҳамчунин Андозаи омехташудаи 5/8 – иборат аз 2 гурӯҳ: 2/8 + 3/8 ё 3/8 + 2/8. Дар ин Андозаҳо низ дар ҳиссаи 1-ум задаи шиддатнок ва дар ҳиссаи 4-ум – задаи нисбатан камшиддат меафтад. Дар Андозаи тағийрёбанда миқдори ҳиссаҳо дар тақт ҳамчунин дар тули асар ба назар мерасад. Андозаҳои тағийрёбанда зуд-зуд дар сурудҳои халқии русӣ ва таронаҳои «Шашмақом»-и тоҷик ба назар мерасанд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.23-24. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)