Андоза (фалсафа)
Андоза — категорияи фалсафист, ки ягонагӣ ва робитаи тағйироти миқдорию сифатии чизҳо, таносуби хоси миқдор ва сифати объектро ифода мекунад; ҳадест, ки дар он тағйироти миқдорӣ боиси тағйироти пурраи сифати ашё мегардад.
Миқдори муайяни чизҳо бе тағйир ёфтани сифат ҳам тағйир меёбад, вале бетафовут афзудану костан ҳадди худро дорад, ки таҷовуз аз он боиси тағйирёбии сифат мешавад. Масалан, ҳарорати об аввал ба ҳолати он ҳеч таъсир намерасонад, лекин баъдтар ҳангоми баланд ё паст шудани ҳарорати он ба нуқтаи муайяне расида, сифати обро тағйир медиҳад, вай ё бухор мешавад ё ях мебандад. Андозаи ҳолати сахтии об ҳарорати аз 0° С пасттар, андозаи ҳолати моеии об ҳарорати аз 0° то 100° , андозаи ҳолати газмонанди об ҳарорати аз 100° С баландтар аст. Тағйир ёфтани андоза боиси ба вуҷуд омадани таносуби нави миқдору сифат мегардад. Лаҳзаи аз як андоза ба андозаи дигар гузаштанро нуқтаи асосии гузариш аз ҳолате ба ҳолати дигар меноманд. Масалан, тафовути сифати оксигену озон натиҷаи бевоситаи аз миқдори гуногуни атомҳо таркиб ёфтани молекулаҳои ин моддаҳо мебошад. Молекулаи оксиген аз ду атом ва молекулаи озон аз се атом иборат аст. Ё аз якдигар сифатан фарқ кардани оксиди нитроген (N2О) ва ангидриди нитроген (N2О5), ки яке газу дигаре моддаи сахт мебошад, ба он вобаста аст, ки оксигени молекулаи ангидриди нитроген аз молекулаи оксиди нитроген панҷ баробар зиёд аст. Инак, тағйироти миқдор фақат то ҳудуди муайян боиси тағйироти сифатӣ намегардад. Ҳудуде, ки дар он тағйироти миқдорӣ тағйироти сифатиро ба амал намеорад, андоза аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андоза / Н. Арабзода // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.