Jump to content

Андози замин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Андози замин (англ. land value tax) — чунин шакли пардохти пулие мебошад, ки аз ҷониби истифодабарандагони замин ба буҷаи ҷумҳурӣ гузаронида шуда, қитъаҳои замин ҷиҳати истифодабарии бемуҳлат ва ворисони умрбод ба номи андозсупоранда қайд шудаанд. Андози замин бо назардошти таркиби киштзор, сифати онҳо ва ҷойгиршавии қитъаи замин, тарзҳои истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологӣ муқаррар карда мешавад. Асноди муқарраркунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин асоси муайян намудани андози замин ҳисоб мешавад.[1].

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Андози замин ба гурӯҳи андозҳои мустақим дохил мешавад. Андози заминро ҳамон истифодабарандагоне месупоранд, ки ба онҳо қитъаи замин барои истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ё чун мероси якумра дода шудааст. Он бо дарназардошти ҷойгиршавии қитъаи замин, арзиши кадастрии замин, таъйиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаи замин муқаррар карда мешавад. Объекти андозбандӣ қитъаи замин буда, супорандагони ин намуди андози замин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки заминро бояд ҳар чи бештар мақсаднок ва самарабахш истифода баранд. Меъёри андози замин барои заминҳои шаҳрҳою шаҳракҳо ва берун аз онҳо бо ҳисоби сомонӣ аз ҳар га муайян шудаанд. Андози замин бо роҳи зарб задани объекти андозбандӣ (масоҳати қитъаи замин) ба меъёрҳои дахлдори андози замин ба ҳар як воҳиди майдони замин ҳисоб карда мешавад. Меъёри андози замин тибқи Қонуни андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ояндаи буҷетӣ нисбат ба меъёрҳои амалкунандаи соли ҷории буҷетӣ аз ҳисоби 0,7 пункти фоизӣ ба ҳар пункти фоизии таваррум, ки ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои соли буҷетӣ ба назар гирифта мешавад, намоябандӣ (индексатсия) мегардад.

Аз супоридани андози замин инҳо озод мебошанд:

  1. Замини мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва ботаникӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст;
  2. Заминҳое, ки ташкилотҳои буҷетӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ истифода мебаранд;
  3. Заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида (дар тӯли сарҳади давлатӣ) қарор доранд;
  4. Заминҳои захираи озоди давлатӣ.
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 50