Андози иҷтимоӣ
Андози иҷтимоӣ — маблағсупории ҳатмӣ буда, барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби супорандагони андози иҷтимоӣ мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати маблағи умумии музди меҳнат пардохта мешавад.
Супорандагони андози иҷтимоӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ — корфармоён мебошанд. Андози иҷтимоӣ, ки ба буҷети умумидавлатӣ гузаронда мешавад барои суғӯртакунандагон бо меъёри 25 фоиз аз фонди музди меҳнат дар корхонаҳо ва ташкилотҳо ва барои суғурташудагон як фоиз аз маблағи музди меҳнати ҳисобшудаи ҳар як корманд дар як моҳ муқаррар гардидааст. Супорандагони андози иҷтимоӣ асосан соҳибкорони инфиродӣ бо меъёри 20 % шахсони ҳуқуқӣ, корфармоён, аъзои хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ғайра мебошанд. Маблағи андози иҷтимоӣ ба ҳосили зарби меъёрии якхелаи андоз ва фонди музди меҳнати ҳармоҳаи кормандони корхона ва ташкилотҳо баробар аст. Аз супоридани ин намуди андози иҷтимоӣ озод карда шудаанд: даромади шахсоне, ки дар муассисаҳои дипломатӣ ва консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа кор мекунанд; даромади шаҳрвандони хориҷӣ аз кироякорӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки маъқулдонистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои грантҳо ва қарзҳои пешниҳоднамудаи давлатҳои хориҷӣ. Муайян кардани меъёри андози иҷтимоӣ кори муҳим ба ҳисоб меравад, зеро ба он омилҳои зиёд таъсир мерасонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андози иҷтимоӣ / С. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.