Андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия) — пардохти ҳатмӣ ба буҷети умумиҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад. Дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011) супорандагони андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие мебошанд, ки ин молҳои истеҳсолшударо ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳвил медиҳанд. Объекти андозбандӣ арзиши молҳои таҳвилшудаи андозбандишаванда, ба гарав монда, тибқи муомилоти фючерсӣ фурӯхташуда, ба сифати ашёи хоми молик додашаванда, содир кардани молҳои мазкур ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Меъёрҳои андоз аз фурӯш барои ҳисобкунии маблағи андоз бо фоиз нисбати нархҳои биржавии андозбандишаванда барои нахи пахта 10 фоиз ва барои алюминийи аввалия 3 фоиз муайян карда шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]