Андреас Везалий
Таърихи таваллуд | 31 декабр 1514[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 16 октябр 1564 (49 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | колбадшиносӣ[3], пизишкӣ[3] ва ҷарроҳӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Gemma Frisius[d][4] |
Шогирдон | Levinus Lemnius[d] ва Felice Accoramboni[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Андре́ас Веза́лий (часто Андре́й Веза́лий, ҳол. Andries van Wesel, лот. Andreas Vesalius; 31 декабр 1514[1], Mont aux Potences - Galgenberg[d], Дӯкнишини Бробонт[d], Ҳоланди Ҳобсбург[d][2] — 16 октябр 1564, Zakynthos[d], Venetian rule in the Ionian Islands[d], Republic of Venice[d]) — пизишк ва колбадшинос. Бунёнгузори колбадшиносии илмӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибро дар Монпелйе ва Порис омӯхта, соли 1537 дар Базел соҳиби унвони доктори ҷарроҳӣ гаштааст. Андреас Везалий ба шогирдон аз рӯи ҷасадҳои шикофта дарс мегуфт. Ӯ дар китоби худ «Роҷеъ ба сохтори бадани одам» (1543) ҷисми инсонро тавсиф карда, ба таълимоти Ҷолинус дар бораи силсилаи гардиши хун муқобил баромад, ки баъдан он барои аз ҷониби У. Гарвей кашф шудани гардиши хун заминаи мусоид фароҳам овард. Андреас Везалий дар таҳияи вожаҳои нав ва муайян сохтани вожаҳои куҳнаи анатомӣ саҳми назаррас гузоштааст. Андреас Везалий бинобар эътироф накардани ақидаҳои Ҷолинус ва муқобилат бо калисо мухолифони зиёд пайдо кард. Кор ба дараҷае анҷомид, ки Андреас Везалий аз навмедӣ дастнависҳои худро ба коми оташ андохта, пизишки дарбори Карли V гашт. Вале душманон Андреас Везалийро баъди ин ҳам осуда нагузоштанд ва ӯ маҷбур шуд ба зиёрати Фаластин равад. Ӯ дар бозгашт аз сафар бинобар шикастани киштӣ ба ҷазираи Зонт уфтода, дар он ҷо вафот кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 2.0 2.1 Везалий Андреас // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 3.0 3.1 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Везалий Андреас // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.