Jump to content

Андреа Веррокко

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Андреа Веррокко
итол. Andrea del Verrocchio
Суратҳо
Таърихи таваллуд тақрибан 1435[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 7 октябр 1488[5][6][3]
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра[7][5], religious art[d][7][5], ҳунари бараҳна[d][5], figure[d][5] ва ҷонварон дар ҳунар[d][5]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Андре́а дел Верро́кко (итол. Andrea del Verrocchio), номи аслӣ: Андреа ди Микеле Чони (итол. Andrea di Michele Cioni; тақрибан 1435[1][2][3][…], Флоренсия[d][1][4][3][…]7 октябр 1488[5][6][3], Венетсия[3][8]) — рассом ва ҳайкалтароши итолиёии аҳди Кватроченто.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар назди Верроккои заргар шогирд буд ва номи ӯро ба меросӣ гирифт. Асосан дар Флоренсия дар қасри Медичи кор кардааст. Мақбараи Перо ва Ҷованни Медичи дар калисои Сан-Лоренсо (1472), ҳайкали хушандоми Довуд (биринҷӣ, тақр. 1475), тасвири барҷастаи нуқрагини «Сар задани Иоанн Предтечи» (1480), гурӯҳи ҳайкалҳои биринҷии «Беэътиқодии Фома» (1483), як силсила нимпайкараҳои муассир сохтааст. Асари асосии ӯ ҳайкали боҳашмати кондотер Б. Коллеони дар Венетсия (1479—1488) мебошад, ки хислатҳои қаҳрамонии сарлашкарро таҷассум кардааст. Шакли сареҳи ҳайкалтарошӣ ба корҳои рассомии ӯ низ хос аст («Товий ва фаришта», тақр. 1473). Андреа Веррокко устоди Леонардо да Винчи буд.