Борис Андреев
| |
Таърихи таваллуд: | 27 январ (9 феврал) 1915 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 25 апрел 1982 (67 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо |
Корнома: | аз 1937 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0028308 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Андреев Борис Фёдорович (9 феврали 1915 — 25 апрели 1982) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Артисти халқии СССР (1962).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии Саратов (Русия, 1937). Дар кино зиёда аз 50 рол бозидааст. Ролҳои аввалинаш дар кино: Назар Дума ("Ронандагони трактор, 1939), Харитон Балун ("Ҳаёти бузург, 1940). Ғайр аз ин чандин ролҳои хотирмон ба мисли Довбня («Богдан Хмелниский», 1940), Саша Свинсов («Ду ҷанговар», 1943), Яков Бурмак («Гуфтор дар васфи сарзамини Сибир», 1948, Мукофоти давлатии СССР), Иля Журбин («Хонаводаи бузург», 1954) ва ғайра офаридааст. Ролҳое, ки дар оғози фаъолияташ офаридааст, одатан, симои ҷавонони руси ҳамзамонашро таҷассум менамуданд. Онҳо дар худ умумияте доштанд: дар зоҳир ҷавонони содалавҳу дағалнамо ва дурушт, вале дар ботин Андреев онҳоро инсонҳои дилкушоду сахӣ ва пурмеҳр тасвир мекард. Ҳуввияту сифатҳои беҳтарини мардуми рус дар он ролҳо таҷассум меёфтанд. Соли 1942 дар офаридани роли Иван дар филми «Фарзанди Тоҷикистон» аз рӯи сенарияи М. Раҳимӣ иштирок кардааст. Ин яке аз аввалин асарҳое буд, ки кинематографистони тоҷик ва рус дар заминаи истеҳсолии кинематографистони тоҷик рӯи навор овардаанд. Дар филми «Фарзанди Тоҷикистон» бидуни ҳадафи ташвиқотиаш дар муқоисаи ду шахс, намояндаи ду қавм — ҷанговарон Ҳофизи тоҷику Ивани рус кӯшиши ба вуҷуд овардани характерҳои миллӣ мушоҳида мешавад. Маҳз ҳамин филм минбаъд таҷрибае шуд барои Андреев дар офаридани образи Саша Свинсов дар филми «Ду ҷанговар».
Ҷоизау орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Андреев барандаи Мукофоти давлатии СССР (1948—1950) мебошад. Бо орденҳои Ленин, «Ситораи Сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андреев Борис Фёдорович / С. Раҳимов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 9 феврал
- Зодагони соли 1915
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 25 апрел
- Даргузаштагони соли 1982
- Даргузаштагони Маскав
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Барандагони Мукофоти сталинӣ