Борис Андреев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Борис Андреев
Boris Andreyev Postal card Russia 2015.jpg
Санаи таваллуд:

27 январ (9 феврал) 1915

Зодгоҳ:
Санаи марг:

25 апрел 1982(1982-04-25) (67 сол) ё 24 апрел 1982(1982-04-24)[1] (67 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб:

ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо

Карера:

1937 — то ҳол

Мукофотҳо:
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр Order of the Red Star Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» медали «Ветерани меҳнат» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Мукофоти сталинӣ
IMDb:

ID 0028308

Commons-logo.svg Борис Андреев дар Викианбор

Андреев Борис Фёдорович (9 феврали 1915 — 25 апрели 1982) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Артисти халқии СССР (1962).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии Саратов (Русия, 1937). Дар кино зиёда аз 50 рол бозидааст. Ролҳои аввалинаш дар кино: Назар Дума ("Ронандагони трактор, 1939), Харитон Балун ("Ҳаёти бузург, 1940). Ғайр аз ин чандин ролҳои хотирмон ба мисли Довбня («Богдан Хмелниский», 1940), Саша Свинсов («Ду ҷанговар», 1943), Яков Бурмак («Гуфтор дар васфи сарзамини Сибир», 1948, Мукофоти давлатии СССР), Иля Журбин («Хонаводаи бузург», 1954) ва ғайра офаридааст. Ролҳое, ки дар оғози фаъолияташ офаридааст, одатан, симои ҷавонони руси ҳамзамонашро таҷассум менамуданд. Онҳо дар худ умумияте доштанд: дар зоҳир ҷавонони содалавҳу дағалнамо ва дурушт, вале дар ботин Андреев онҳоро инсонҳои дилкушоду сахӣ ва пурмеҳр тасвир мекард. Ҳуввияту сифатҳои беҳтарини мардуми рус дар он ролҳо таҷассум меёфтанд. Соли 1942 дар офаридани роли Иван дар филми «Фарзанди Тоҷикистон» аз рӯи сенарияи М. Раҳимӣ иштирок кардааст. Ин яке аз аввалин асарҳое буд, ки кинематографистони тоҷик ва рус дар заминаи истеҳсолии кинематографистони тоҷик рӯи навор овардаанд. Дар филми «Фарзанди Тоҷикистон» бидуни ҳадафи ташвиқотиаш дар муқоисаи ду шахс, намояндаи ду қавм — ҷанговарон Ҳофизи тоҷику Ивани рус кӯшиши ба вуҷуд овардани характерҳои миллӣ мушоҳида мешавад. Маҳз ҳамин филм минбаъд таҷрибае шуд барои Андреев дар офаридани образи Саша Свинсов дар филми «Ду ҷанговар».

Мукофоту орденҳо[вироиш]

Андреев барандаи Мукофоти давлатии СССР (1948—1950) мебошад. Бо орденҳои Ленин, «Ситораи Сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]