Андрей Вознесенский
Андрей Вознесенский | |
|---|---|
| русӣ: Андрей Вознесенский русӣ: Андре́й Андре́евич Вознесе́нский | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 12 майи 1933[1][2][3][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1 июни 2010[2][3][4][…] (77 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Маҳалли дафн | |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Таҳсилот | |
| Навъи фаъолият | шоир |
| Солҳои эҷод | 1958 — 2010 |
| Жанр | шеър |
| Забони осор | русӣ[2] |
| Ҷоизаҳо | |
| IMDb | ID 0903942 |
| Соядаст |
|
| Вебгоҳ | andreyvoznesenski.ru(рус.) |
Вознесенский Андрей Андреевич (12 майи 1933, Маскав – 1 июни 2010, ҳамон ҷо) — шоири рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи донишкадаи меъмории Маскав (1957). Яке аз намояндагони «назми баланд»-и рус, ки ашъори нахустинашро (дар 14-солагӣ) Б. Л. Пастернак баҳо додааст. Маҷмӯаҳои нахустинаш – «Мозаика», «Парабола» (ҳар ду – 1960) ва «Мурӯди секунҷа» (1962, ки пас аз сафари ИМА навишт) таваҷҷуҳи умумро ҷалб кард. Аз рӯйи силсилаи шеърҳои Андрей Вознесенский «Зиддиоламҳо» («Антимиры», 1964) театри Таганкаи Маскав бо ҳамин ном намоишнома ва аз рӯйи достони ӯ – «Авос» театри Ленкоми Маскав рок-операи «Юнон ва Авос»-ро ба саҳна гузошт. Андрей Вознесенский муаллифи повести «О» (1982), китобҳои «Муҳандисони рӯҳ» (1984), «Хандақ» (1986), «Фолнома» (1995), «Casino»-и «Русия» (1997), мақолаҳои адабиётшиносию публитсистӣ мебошад. Дар ашъори Андрей Вознесенский мавқеи иҷтимоии қаҳрамонони лирикӣ ифода ёфтааст. Тарзи баёнаш мутантан мебошад; мекӯшид мақсаду маромашро дар шаклҳои нави шеър ба хонанда бирасонад. Андрей Вознесенский акад. Академияи маорифи Русия (1994), дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1978) мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Собрание сочинений. В. 5-ти томах., М., 2000 – 03.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Вознесенский Андрей Андреевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- 1 2 3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- 1 2 Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118805770 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
- ↑ https://www.moma.org/artists/6192 (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.
- Зодагони 12 май
- Зодагони соли 1933
- Зодагони Маскав
- Даргузаштагони 1 июн
- Даргузаштагони соли 2010
- Даргузаштагони Русия
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 3
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Адибон аз рӯи алифбо