Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Андрей Воронихин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Андрей Воронихин
русӣ: Андрей Воронихин
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 17 (28) октябри 1759
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 феврали (5 марти) 1814 (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Таҳсил:

Андре́й Ники́форович Ворони́хин (17 (28) октябри 1759, Усолйеи Нав — 21 феврал (5 март)-и 1814, Санкт-Петербург) — меъмори рус, яке аз бунёдгузорони сабки ампирӣ дар Русия.

Калисои ҷомеи Қазон (1801–11), ки дар миёни сохтмонҳои хиёбони Нева назаррабоӣ мекунад ва Донишкадаи кӯҳкорӣ (1806–08), ки дар каронаи ҷазираи Василев сохта шудааст, аз ҷумлаи осори меъмории Андрей Воронихин мебошанд. Андрей Воронихин на танҳо лоиҳаи худи биноро мекашид, балки ороиши дохилӣ, мебелу чароғу қандилҳо ва баъзан ҳатто таҷҳизоти ононро низ тарроҳӣ мекард. Ҳамчунин дар сохтмони маҷмааи коху боғ дар Петергоф ва Павловский иштирок кардааст. Узви АР Русия (аз 1797). Дар академия аз соли 1800 омӯзгор буд ва соли 1811 синфи махсуси меъморӣ кушод.

  1. 1 2 Чуйко В. В. Воронихин, Андрей Никифорович (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. VII. — С. 214—215.
  2. Воронихин Андрей Никифорович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  • А. Н. Воронихин. Чертежи и рисунки (Альбом). Л., 1952;
  • Гримм Г. Г. Архитектор Воронихин. Л., М., 1963;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.