Анилат
Зоҳир
Анилат, C6H14N2O4S, — як навъ моддаи химиявӣ, ки барои заҳролуд кардани тухмӣ истифода мешавад. Дар шакли ғурӯша истеҳсол мекунанд. Анилат 93 — 97 % моддаи таъсирбахш дорад. Анилатро барои нест кардани сиёҳмуғ ва зангаи гандум дар давраи нашв ба гандумзор бо самолёт (ба ҳар га 4,65 — 9,30 кг) ва мошинҳои дорупошӣ (ба ҳар га 9,3 кг) мепошанд. Дар хок дар муддати як моҳ пурра таҷзия мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анилат // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.