Анимизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аними́зм (аз лот. anima, animus — «ҷон» ва «рӯҳ») — маҷмӯи боварҳо ба вуҷуди ҷон, рӯҳ, арвоҳ ва намирандагии онҳост. Яке аз шаклҳои дини ибтидоӣ.

Пайдоиш[вироиш]

Анимизм дараҷаи нисбатан баланди парастиш ва мӯътақидоти одамони ибтидоӣ мебошад. Байни одамони ибтидоӣ, дар марҳилаҳои охири рушди ин ҷамъият эътиқодҳои анимистӣ ривоҷ пайдо мекунанд, яъне онҳо мӯътақид буданд, ки тамоми мавҷудот, чи мутаҳаррик, чи сокин, мурда ё зинда дорои ҷон ва равон ҳастанд, ки даруни он махфӣ ва мастур мебошанд. Хосса, онҳо бовар доштанд, ки афроди инсонӣ ҳар яке дорои рӯҳе ҳастанд, ки ҳангоми хоб ва рӯъё аз бадани ӯ муваққатан хориҷ мешавад ва ниҳоят дар лаҳзаи вопасин, ҳангоми марг баданро ба таври қатъӣ раҳо мекунад. Онҳо арвоҳро дорои ақлу сурат ва эҳсосоту авотиф, соҳиби қувваи ирода ва касбу ният мешумориданд. Бовар доштанд, ки онҳоро мисли ашхоси зинда метавон идора кард ва роҳнамоӣ намуд ва агар онҳо ба хашму ғазаб оянд, метавонанд ниҳоят зиёновар гарданд, аз ин рӯ бояд ҳамвора ба ёди онҳо буд. Сабаби пайдоиши анимизмро олимон аксаран дар надонистани якчанд ҳодисаҳои равонии (психикӣ) инсон, мисли хоббинӣ, рӯъё, аз ҳуш рафтан ва марг медонанд. Аз нигоҳи фалсафаи мисолӣ ва динӣ анимизм ҳамон зуҳури фитрат ё ёдоварии сиришти фитрии ӯст. Дар воқеъ дарки вуҷуди рӯҳ ва парастиши он яке аз зинаҳои идроки фитрат, яъне оғози зуҳури майли зотӣ-табии инсон ба намирандагӣ ва абадият аст.

Эътиқодоти анимистӣ танҳо дар замони ба дараҷаи баландтар инкишоф ёфтани қувва ва қобилияти таҷриди (абстракт)-и инсон имконпазир гардида буд, чунки шинохтан ва парастидани рӯҳ ба миқдори зиёди қобилияти таҷрид эҳтиёҷ дорад. Дар омӯзиши парастишҳои анимистӣ нақши диншиноси англис Э. Тэйлорд калон аст ва худи истилоҳи анимизмро низ аввалин бор ӯ ба диншиносӣ дохил кардааст. Тэйлорд анимизмро «ҳадди ақали дин» мешуморид. Дар воқеъ, анимизм унсури ҳатмии ҳар як дин аст. Бовар ба намирандагии рӯҳ, абадияти он, парастиши рӯҳи аҷдод, бовар ба ҳаёти пас аз маргӣ идома ва натиҷаи боварҳо ва парастишҳои анимистӣ мебошад, ки дар динҳои имрӯзаи ҷаҳон ҷой дорад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Шерзод Абдуллозода, Асосҳои диншиносӣ, Д., 2001; Ҷон Нос, Таърихи ҷомеи адён: аз оғоз то имрӯз, тарҷ. Алӣ Асғари Ҳикмат, Интишороти Пирӯз; 1354; Васильев Л. С., История религий Востока, М., 1983.

Сарчашма[вироиш]


Пайвандҳо[вироиш]

Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола аст «анимизм»

Шаблон:Anthropology-stub Шаблон:Myth-stub