Анис, Муҳанлаъли Садрпурии Лакҳнавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анис, Муҳанлаъли Садрпурии Лакҳнавӣ
Навъи фаъолият: шоир

Анис Муҳанлаъли Садрпурии Лакҳнавӣ (cоли тавалуд ва вафот номаълум) — шоир ва тазкиранигори Ҳиндустон (асри 18).

Ба забонҳои форсӣ ва ҳиндӣ эҷод мекард. Забони форсиро аз шоире бо номи Равнақ, шеъру шоириро аз Мирзо Муҳаммад Фохири Макин омӯхт. Бо тахаллусҳои «Хаста» (дар давраи ҷавонӣ), «Бетоб» ва билохира «Анис» шеър мегуфт. Дар бораи Анис дар тазкираҳои «Сафинаи ҳиндӣ», «Риёзу-л-фусаҳо» ва ғайра сухан рафта, аз ӯ чун шоири бомаҳорату дорои истеъдоди баланд ёд шудааст. Анис шоири соҳибдевон будааст. Дар девонаш ғазалҳо, қасидаҳо, рубоиҳо ва дигар анвои шеър мавҷуданд. Ба шоирони гузаштаи форс-тоҷик пайравӣ мекардааст. Мазмуну матолиби тоза, рӯй овардан ба мавзӯъҳои рӯзгори худ, мавзӯъҳои марбути кишвари Ҳинд дар ашъораш ба назар мерасанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аҳмад Гулчини Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 1, Т., 1348 ҳ. ш.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]