Анис, Муҳанлаъли Садрпурии Лакҳнавӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Анис Муҳанлаъли Садрпурии Лакҳнавӣ (асри 18) — шоир ва тазкиранигори Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба забонҳои форсӣ ва ҳиндӣ эҷод мекард. Забони форсиро аз шоире бо номи Равнақ, шеъру шоириро аз Мирзо Муҳаммад Фохири Макин омӯхт. Бо тахаллусҳои «Хаста» (дар давраи ҷавонӣ), «Бетоб» ва билохира «Анис» шеър мегуфт. Дар бораи Анис дар тазкираҳои «Сафинаи ҳиндӣ», «Риёзу-л-фусаҳо» ва ғайра сухан рафта, аз ӯ чун шоири бомаҳорату дорои истеъдоди баланд ёд шудааст. Анис шоири соҳибдевон будааст. Дар девонаш ғазалҳо, қасидаҳо, рубоиҳо ва дигар анвои шеър мавҷуданд. Ба шоирони гузаштаи форс-тоҷик пайравӣ мекардааст. Мазмуну матолиби тоза, рӯй овардан ба мавзӯъҳои рӯзгори худ, мавзӯъҳои марбути кишвари Ҳинд дар ашъораш ба назар мерасанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмад Гулчини Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 1, Т., 1348 ҳ. ш.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анис, Муҳанлаъли Садрпурии Лакҳнавӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.