Анисии Ироқӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Қутбуддин Анисии Ироқӣ (асри 16) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз зодгоҳаш (Ироқ) дар айёми ҷавонӣ ба Ҳирот омад ва то охири умр дар ин ҷо монд. Дар назм пайрави Амир Хусрави Деҳлавӣ буд. Ба чил ғазали ӯ ҷавоб гуфта, сазовори инъоми Алишери Навоӣ гардидааст. Ғазалҳои Аниси Ироқӣ дар мавзӯъҳои ишқу вафо ба забони содаву равон эҷод шудаанд:
Ҳаргиз агар набинам он шӯхи бевафоро,
Нодида мепарастам чун муъминон Худоро.
***
Боз ин дили шикаста хаёли висол кард,
Чизе хаёл кард, ки натвон хаёл кард.
***
Хоҳам, ки шавам кушта зи теғи ситами ӯ,
Шояд, ки бубинам сари худ дар қадами ӯ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, ҷ.1, Д., 1981
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анисии Ироқӣ / У. Назиров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.