Анисимов, Стефан Лукич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анисимов, Стефан Лукич
Иттилооти асосӣ

Анисимов Стефан Лукич (28. 9. 1910, деҳаи Александрияи ноҳияи Шкловскийи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус – 3. 7. 1985, Душанбе) — меъмори шӯравӣ. Бинокори хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1959).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти муҳандисии манзилгоҳи Ленинград (1936). Ҳамон сол ба Душанбе меояд. Меъмори идораи лоиҳакашии «Тоҷикгоспроект», муҳандиси идораи лоиҳакашии шаҳри Тошканд (1937 – 39), меъмори Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» (1939 – 53), ҷонишини мудири Раёсати меъмории назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1955 – 57), сардори шуъбаи муоинаи лоиҳаҳои Госплани ҶШС Тоҷикистон (1957 – 58), ҷонишини якуми раиси Комитети давлатӣ оид ба сохтмону меъмории назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1958 – 60), раис (1960 – 64) ва ҷонишини якуми раиси Госстройи ҶШС Тоҷиистон (1964 – 71) буд. Аз соли 1971 нафақагир.

Лоиҳаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи лоиҳаҳои Анисимов дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ чандин биноҳои истиқоматию маъмурӣ бунёд гардидаанд. Беҳтарин лоиҳаҳои кашидаи Анисимов инҳоянд: бинои КМ ҲК Тоҷикистон (ҳоло Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), монументи Герби давлатии ҶШС Тоҷикистон дар майдони ба номи Владимир Илич Ленин (ҳоло майдони Озодӣ) бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Тоҷикистон, бинои Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, бинои китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва ғайра Узви ИМ СССР аз соли 1936.

Ордену ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]