Jump to content

Аннотатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аннота́тсия (аз лот. annotatio «мулоҳиза», «ташреҳ») — тақризи кӯтоҳ, ки дар бораи асаре, мақолае, дастнависе ва монанди онҳо маълумоти мухтасар медиҳад.

Дар аннотатсия тавзеҳоту ташреҳот, мулоҳизарониву маълумотдиҳӣ ва қайду шарҳҳо гоҳо бо овардани иқтибосҳо аз худи асари ташреҳшаванда, мақолаҳо оид ба он, рӯйхати адабиёт ва ҳатто иқтибосҳо аз дигар асарҳо ва монанди онҳо оварда мешаванд. Дар ин ҳолат аннотатсия як навъи илми китобшиносӣ (библиография) эътироф мегардад. Ҳангоме ки дар аннотатсия ба ҷанбаҳои поэтикӣ, бадеӣ ва услубӣ ва шаклу мазмуни асари бадеӣ дахолат карда мешавад, он ба яке аз навъҳои кӯтоҳи тақризи танқиди адабиву бадеӣ табдил меёбад. Бинобар ин аннотатсия барои танқиди адабӣ аз рӯи мулоҳизаву ташреҳоти таҳлилӣ ва баҳои объективии адабиву поэтикиаш пурарзиш мебошад. Дар ин ҳолат аннотатсия на танҳо хусусияти таҳлилӣ, тавзеҳотӣ ва бадеӣ, балки моҳияту арзиши ташвиқотӣ, огоҳсозӣ, хабардиҳӣ дар бораи асаре низ пайдо мекунад ва хонандагонро аз пайдоиши асари нави бадеӣ меогоҳонад.


  • Шамурин К., И., Методика составления аннотаций, М., 1959;
  • Табаров С., Асосҳои назариявии танқиди адабӣ, қисми сеюм, Д., 1999.