Аномалияи магнитии Курск

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аномалияи магнитии Курск — калонтарин аномалияи магнитӣ дар ҳудуди Русия. Майдонаш қариб 160 ҳазор км2 буда, асосан дар вилоятҳои Курск, Белгород ва дар ҳудуди вилоятҳои ҳамшафат паҳн шудааст. Сабаби мавҷудияти Аномалияи магнитии Курск вуҷуд доштани захираҳои калони маъдани оҳан (кварсҳои оҳандор) дар қишри замин мебошад. Дар Аномалияи магнитии Курск маъданҳои сахти сидеритдор ва тозаю нарми гематиту мартитдор бештаранд. Дар ҳудуди Аномалияи магнитии Курск 4 ноҳияи калони маъдани оҳан (Белгород, Орлову Курск, Старооскол ва Новооскол) муайян шудааст. Дар конҳои «Стойленский», «Лебединский», «Михайловский» маъдан асосан бо усули кушод ва дар кони «Коробковское» аз зери замин истихроҷ карда мешавад. Ҷамъи захираи маъдани хушсифат қариб 30 млрд т буда, баъди кони «Эл-Мутун»-и Боливия (захираҳои маъдани оҳан то 40 млрд т) аз рӯи миқдори маъдани оҳан дар ҷаҳон ҷойи дуюмро мегирад.


Сарчашма[вироиш]