Аноплосефалидоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аноплосефалидоз — як гурӯҳи касалиҳои гелментии ҳайвонот.

Ба аноплосефалидоз бештар асп, хар, хачир гирифтор мешаванд. Ангезандаи аноплосефалидоз биогелминтҳо – Anoplocephala magna, А. perfoliata ва ғайра мебошанд. Дарозии аноплосефалидоз magna то 520 мм, паҳниаш 25 мм аст. Дар рӯдаи борик ҷой мегирад. аноплосефалидоз perfoliata то 70 мм дарозӣ ва 8 – 14 мм паҳнӣ дорад. Ҷои сукунати он кӯррӯда аст. Ҳайвонот аз ангезандаи аноплосефалидоз ҳангоми бо хӯрок истеъмол кардани канаҳои касалиангез сироят меёбанд. Дар рӯда бисёр гирд омадани сестодаҳо боиси баста шудани сӯрохи он мегардад. Бо мақсади пешгирии аноплосефалидоз ҳайвонотро дар чарогоҳҳое бояд нигоҳ дошт, ки камаш се сол истифода нашуда бошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]