Jump to content

Аноплосефалятҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Anoplocephalidae
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
  • Anoplocephalidae[1]

Аноплосефалятҳо — як навъ кирм.

Дар рӯдаи чорвои калон (гов, ғажгов, шоҳбарзагов, зебу, шутур) ва моли майда (гӯсфанд, буз, гавазн, архар ва ғайра) зиндагӣ мекунанд. Аноплосефалятҳо ангезандаи аноплосефалятоз мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон 6 намуди аноплосефалятҳо (4 намуди мониезияҳо — Moniezia expansa, M. benedeni, M. alba, M. autumnalia, 1 намуди авителлина — Avitellina centripunctata ва 1 намуди тизаниоз — Thyzaniezia giardi) мавҷуданд. M. expansa тасмакирми калони сафедранг буда, дарозиаш 460 см ва паҳниаш 25 мм аст. Баданаш аз сар (сколекс), гардан ва бандҳои алоҳида иборат мебошад. Дар сар ду ҷуфт узви маканда дорад. Узви ҷинсии модинааш ҷуфт. Баъди ба тухмдон афтодани тухм ғадудҳои ҷинсии модинааш заиф мешаванд. Дарозии тухмаш 0,05 — 0,06 мм, қутраш 0,07 — 0,09 мм (қутри ҷанинаш 0,02 — 0,22 мм). M. benedeni зарди сафедча буда, дарозиаш то 732 см ва бараш то 24 мм мешавад. Дар сар ду ҷуфт узви маканда дорад. Баданаш аз бандҳои сершумор иборат аст. Дарозии тухмаш 0,70 — 0,94 мм, қутраш 0,01 мм. M. alba кирми сафед буда, дарозиаш аз 60 см то 2,5 м аст. Сараш лундаи 4-қирра ва нисбатан паҳн (1,15 — 1,40 мм). Тухмаш 0,60 — 0,80 мм. M. autumnalia якҷоя бо буғумҳои болиғаш 160—284 см мешавад (бараш то 4,56 мм). Сараш нисбатан паҳн (0,60 — 0,72 мм). Бандҳои баданаш 2,8 — 3 мм поёнтар аз сар ҷой гирифтаанд. Андозаи тухмаш 0,074 — 0,096 мм. T. giardi кирми ширранг аст; дарозиаш 1170 см, бараш 10,4 мм. Дар сар ду ҷуфт узви маканда дорад. Баданаш сербуғум. А. ceutripunctata кирми ресмоншакл буда, дарозиаш то 1054 см ва бараш 2,05 мм аст. Дар сар ду ҷуфт узви маканда дорад. Дарозии тухмаш 0,010 — 0,35 мм, бараш 0,013 — 0,022 мм.

Мониезияҳо дар бадани канаҳои зиреҳакдор афзоиш мекунанд. Дар Тоҷикистон 104 намуди канаҳои зиреҳакдор мавҷуд аст, вале тухми мониезияҳо фақат дар бадани 6 намуди онҳо инкишоф меёбад. Давраҳои инкишофи Thuzaniezia giardi ва Avitellina centripunctata алҳол пурра аниқ нашудаанд.

  • Муҳаммадиев С. А., Аноплоцефалятозы крупного рогатого скота в Таджикистане и меры борьбы с ними, Д., 1980;
  • ҳамон муалл., Гельминты крупного рогатого скота и яков Таджикистана, Д., 1981.