Антагонизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Антагони́зм (аз юн.-қад. ανταγωνισμός — мубоҳиса, мубориза) — як шакли зиддият, ки дар муборизаи тезутунду оштинопазири қувваю тамоюлҳои ба ҳам зид зоҳир мешавад. Антагонизм ба маънои муборизаи қувваҳои ба ҳам зид дар таълимоти динии халқҳои Шарқ (муборизаи хайр ва шар), таълимоти фалсафии Кант, Шопенгауэр ва дигарон истифода шуда буд, вале бо номҳои дигар. Ба ҳамин маъно дар биология ва математика (назарияи бозиҳо) низ истифода мешавад. Марксизм — ленинизм антагонизми байни синфҳоро дар форматсияҳои ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва дар давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм таҳлил намуда, нишон дод, ки антагонизмро фақат муборизаи синфӣ ҳал менамояд, шаклу мазмуни онро шароити муайяни таърихии инкишоф муайян мекунад. К. Маркс қайд карда буд, ки «муносибатҳои истеҳсолоти буржуазӣ ….охирин шакли антагонистии ҷараёни истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошанд».

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]