Антеклиза
Зоҳир
Антеклиза (аз анти ва юн.-қад. κλισις — «моилӣ») — барҷастагиҳои паҳнои қабатҳои қишри замин дар ҳудуди платформа, акси синеклиза.
Антеклиза тарҳи нодуруст дошта, паҳноии он дар кӯндалангӣ ба садҳо км мерасад. Таҳкурсии антеклизаро ҷинсҳои кристаллии токембрий ташкил медиҳанд; онҳо бо қабати ҷинсҳои таҳшин пӯшида шудаанд. Антеклиза муддати дароз инкишоф меёбад, ки чандин давраҳои геологиро дар бар мегирад. Одатан дар тоқи антеклиза табақаи ҷинсҳои таҳшин тунуканд ё аксар мавҷуд нестанд. Дар ин маврид таҳкурсии платформа дар рӯи замин намоён мегардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антеклиза // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.