Антинейтрино
Зоҳир
'Антинейтрино (ῦ)' — антизарраи нейтрино, зарраи бунёдии нейтралие, ки массаи сукунат надорад (бо саҳеҳии 5∙104 m0, m0 — массаи сукунати электрон). Ба фермионҳо мансуб аст (спинаш ½). Антинейтрино заряди электрикӣ ва моменти магнитӣ низ надорад. Аз ин рӯ, эҳтимолияти таъсири мутақобили он бо моддаҳо бағоят хурд мебошад. Ду навъ антинейтрино мавҷуд аст: антинейтринои электронӣ (ῦе), ки ҳамеша ҳамроҳи электрон пайдо мешавад ва антинейтринои мюонӣ (ῦμ), ки дар натиҷаи коҳиши мюонҳо ба вуҷуд меояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антинейтрино // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.