Антио
Зоҳир
Антио, афликс, форматион, C6H2NO4PS2 — як навъ моддаи химиявӣ. Чун инсектисид ва акарасид истифода мебаранд. Дар шакли эмулсияи 25-фоиза истеҳсол мешавад. Онро ба муқобили ширинча, тортанаккана, кайки нок, баргпечаки хӯшаи ток, митта ва дигар зараррасонҳо мепошанд. Барои нест кардани ширинчаи хунин, кайки барги нок, кана ва дигар ҳашароти зараррасони дарахтони мева ба ҳар га 0,3 — 1 кг, канаву ҳашароти зараррасони рустаниҳои ситрусӣ 0,5 — 1,5 кг, тортанакканаю баргпечаки хӯшаи ток 0,3 — 1 кг антиоро истифода мебаранд. Мӯҳлати охирини пошидани антио 20 рӯз пеш аз ҷамъоварии ҳосил аст. Барои одам ва ҳайвон заҳр мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антио // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.