Антипов-Каратаев, Иван Николаевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Антипов-Каратаев, Иван Николаевич
Санаи таваллуд:

1 (13) сентябр 1888

Зодгоҳ:
Санаи марг:

3 июл 1965(1965-07-03)[1] (76 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

хокшиносӣ[d]

Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои кишоварзӣ[d]

Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Медали «Барои мудофиаи Москва» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"

Ива́н Никола́евич Анти́пов-Карата́ев (1 (13) сентябр 1888, деҳ. Теняево, уезди Стерлитамак, губернияи Уфа — 3 июли 1965, Боку) — хокшинос, агрохимик, академики АИ РСС Тоҷикистон (1951), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1946).

Зиндагинома[вироиш]

Донишкадаи муаллимии шаҳри Уфа (1914) ва Донишгоҳи давлатии Москва (1927)-ро хатм кардааст. Аз соли 1926 то охири умр ходими илмии Институти хокшиносии ба номи В. В. Докучаев, ҳамзамон асосгузор ва роҳбари илмии Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш (1936 — 51) ва аз соли 1951 роҳбари илмии Институти хокшиносии АИ РСС Тоҷикистон буд. Ӯ муаллифи зиёда аз 300 асари илмист, ки асосан ба масъалаҳои хокшиносӣ, агрономия, мелиоратсияи комплексии заминҳои шӯр, аз ҷумла роҳҳои беҳтар намудани ҳосилхезии заминҳои вилояти Хатлон, Помири Шарқӣ ва мавзеи Мирзочӯл оиданд.

Ҷоизаву унвонҳо[вироиш]

Антипов-Каратаев аъзои фахрии Ҷамъияти умумииттифоқии хокшиносон (аз 1951) буд. Дорандаи Мукофоти ба номи В. В. Докучаев (1964) ва ба номи Г. Димитров (1960).

Бо 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Барои хизматҳои гражданӣ» (Булғория), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Почвы Вахшской долины и их мелиорация, Д., 1947;
  • Почвенные и почвенно-мелиоративные исследования в Таджикистане, Д., 1950;
  • Влияние длительного орошения на процессы почвообразования и плодородие почв степной полосы Европейской части СССР, М., 1955.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 Антипов-Каратаев Иван Николаевич // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш]