Иван Антипов-Каратаев
Таърихи таваллуд | 1 (13) сентябр 1888[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 июл 1965[2][1] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | хокшиносӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Ива́н Никола́евич Анти́пов-Карата́ев (1 (13) сентябр 1888, деҳ. Теняево, уезди Стерлитамак, губернияи Уфа — 3 июли 1965, Боку) — хокшинос, агрохимик, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1946).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи муаллимии шаҳри Уфа (1914) ва Донишгоҳи давлатии Москва (1927)-ро хатм кардааст. Аз соли 1926 то охири умр ходими илмии Институти хокшиносии ба номи В. В. Докучаев, ҳамзамон асосгузор ва роҳбари илмии Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш (1936 — 51) ва аз соли 1951 роҳбари илмии Институти хокшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Ӯ муаллифи зиёда аз 300 асари илмист, ки асосан ба масъалаҳои хокшиносӣ, агрономия, мелиоратсияи комплексии заминҳои шӯр, аз ҷумла роҳҳои беҳтар намудани ҳосилхезии заминҳои вилояти Хатлон, Помири Шарқӣ ва мавзеи Мирзочӯл оиданд.
Ҷоизаву унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Антипов-Каратаев аъзои фахрии Ҷамъияти умумииттифоқии хокшиносон (аз 1951) буд. Дорандаи Мукофоти ба номи В. В. Докучаев (1964) ва ба номи Г. Димитров (1960).
Бо 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Барои хидматҳои гражданӣ» (Булғория), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Почвы Вахшской долины и их мелиорация, Д., 1947;
- Почвенные и почвенно-мелиоративные исследования в Таджикистане, Д., 1950;
- Влияние длительного орошения на процессы почвообразования и плодородие почв степной полосы Европейской части СССР, М., 1955.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Исаев Ю. Н. Чувашская энциклопедия (рус.) — Чувашское книжное издательство, 2006. — 2567 с. — ISBN 978-5-7670-1471-2
- ↑ 2.0 2.1 Антипов-Каратаев Иван Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Башкирская энциклопедия (рус.) — Башкирская энциклопедия, 2005. — 4344 с.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антипов-Каратаев Иван Николаевич // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 сентябр
- Зодагони соли 1888
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 3 июл
- Даргузаштагони соли 1965
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Хокшиносони Тоҷикистон
- Хокшиносони Русия
- Хокшиносони ИҶШС
- Академикҳои АИ ҶШС Тоҷикистон