Jump to content

Антисфени Афинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Антисфени Афинӣ
юн.-қад. Ἀντισθένης
Таърихи таваллуд 444 то м.
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 365 то м.
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа
Шогирдон Diogenes of Sinope[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Антисфе́н (юн.-қад. Ἀντισθένης; 444/435 то м., Афина — 370/360 то м., Афина) — файласуфи Юнони Қадим, шогирди Горгий, пайрави Суқрот.

Муаллифи зиёда аз 70 асар оид ба фалсафа, илми маъонӣ ва баён. Фалсафаи Антисфени унсурҳои гуногуни ҳикмати замонашро фаро гирифта, ниҳоят ихтилофомез аст, дар таълимоташ асосҳои ҷараёнҳои калбия, равоқия, шаккокия фаровон ба назар мерасанд. Аммо аз осори то ба ҳол расидаи Антисфени Афинӣ бармеояд, ки ӯ ба принсипҳои ягонаи зӯҳд ё парҳезкорӣ сахт моил будааст, ба сифати меъёр табиатро пешниҳод мекунад. Дар мантиқ ва диалектика Антисфени Афинӣ худро чун ҳарифи софистҳо (онҳое, ки муҳокима ва мулоҳизаашон дар тафсири духӯраи мафҳумҳо асос ёфта, зоҳиран дуруст менамоянд, вале дар ҳақиқат беасосу ботиланд) мебарояд, ҳарчанд дар эҷодиёти адабӣ ӯро шогирди софистҳо мешуморанд. Бе вайрон кардани қонуни айният ё шабоҳат Антисфени Афинӣ ақида дорад, ки ҳамли субъект аз хабарияти мушобеҳи он номумкин аст, яке ба воситаи дигаре муайян намешавад. Этикаи (ахлоқ) Антисфени Афинӣ ба принсипҳои зоҳидона асос ёфтааст, набояд ба мӯҳтоҷӣ тан дод, аз неъматҳои моддӣ ба қадри кофӣ истифода бурдан лозим аст. Дар соҳаи сиёсат Антисфени Афинӣ давлату фаъолияти сиёсиро инкор менамуд, ба андешаи ӯ баробарии одамон табиӣ нест. Дар асараш «Геракл» идеали ҳокими ломакону бенаворо офаридааст, ки ба ҳама заҳмату ранҷу ҷафо тоб меорад, ӯ зоҳиран гадо, аммо ботинан шоҳест. Дар китоби «Кира» Антисфени Афинӣ шоҳи идеалиро тасвир кардааст. Антисфени Афинӣ ба Протагор, ҳарифонаш Афлотуну Исократ таъсир расонда, муаллими Диогени Синопскӣ маҳсуб меёбад.