Антосианҳо
Антосианҳо (аз юн. ἄνθος — гул ва юн. κυανός — кабуд, лоҷвард) — моддаҳои рангбахши рустанӣ.
Антосианҳо мансуби гликозидҳо мебошанд. Ба меваҷот ва май ранги сурх, ба барги дарахтон тобишҳои гуногун (аз гулгун то бунафши баланд) медиҳанд. Антосианҳоро бори аввал биологи немис Р. Вилштеттер (1913) ошкор намудааст; соли 1928 химики англис Р. Робинсон антосианҳоро синтез кард. Антосианҳо дар таркиби ангур ва май дар шакли гликозидҳо, асосан дар шакли 3-моногликозид, баъзан дар шакли 3,5-дигликозид ва 3-биозид вомехӯранд. Миқдори антосианҳои мева ба фотосинтез вобаста аст. Бинобар ин, дараҷаи аз равшанӣ баҳравар шудани барг ба суръати ҳосил шудани антосианҳо ва ранг гирифтани мева таъсир мерасонад. Таркиби антосианҳо ба навъи мева ва маҳали парвариши он вобастагӣ дорад. Дар натиҷаи гидролизи антосианҳо агликонҳо ва қанд (глюкоза, галактоза, рамноза, арабиноза ва ғайра) ҳосил мешаванд. Дар ҷараёни туршидани тилф тақрибан 50 фоизи антосианҳои ангур ба шароб (ҳангоми гарм кардани тилф то 90 %) мегузарад. Дар бисёр навъҳои ангури сурх антосианҳо танҳо дар ғужм мавҷуданд. Дар таркиби ангур 300—2000 кг/дм3 ва дар таркиби майҳои гулгун то 500 кг/дм3 антосианҳо вуҷуд доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антосианҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.