Антропогенез
Антропогене́з (аз антропо… ва генезис) — илм дар бораи раванди пайдоиши таърихиву эволютсионии одам.
Антропогенез ҳамчун илм
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бахши антропология, ки пайдоиши одамро ҳамчун мавҷудоти биологӣ меомӯзад.
- Бахши илмест, ки ҷараёни таҳаввулоти ташаккули инсонро муайян менамояд.
Антропогенез ҳамчун қисми антропология приматҳо (гурӯҳи ширхӯрҳо аз қабили одам, маймун, ниммаймунҳо) ва таҳаввулоти анатомии онҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Барои ин бахш геологияи давраҳои чорум ва сеюм, физиологияи фаъолияти олии асаб, археологияи асри санг, психология ҳамчун фанни зарурии фаръӣ мадад мерасонанд.
Таърихи омӯзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз охири садаи XX дар баробари вожаи антропогенез аксар маврид истилоҳи «антропологияи таҳаввулотӣ» истифода мешавад. Антропологияи таҳаввулотӣ ҷойгоҳи одамро дар системаи олами ҳайвонот меомӯзад. Дар ин самт гузаштагони ҳайвонии инсон ва раванди гоминидии таҳаввулотӣ, иҷтимоӣ ва биологии ҷанбаи «одамшавӣ» тадқиқ мегардад. Ғояи мушобиҳати одаму маймунро ҳанӯз донишманди Юнони Қадим Арасту пешниҳод карда буд. Дар садаи II то м. духтур ва анатоми юнонӣ К. Гален муоинаи анатомии маймун (магота, павиан)-ро гузаронд. Адиб ва мутафаккири форс-тоҷик Мирзо Бедил (асри 17) ҳам ба ин маънӣ ишора карда буд: «Одамӣ ҳам пеш аз он одам шавад, бузина буд». Дар асрҳои 18 — 19 фарзу тахмин дар бобати аз маймунҳои одамсурат пайдо шудани одам (Ҷ. Монбоддо, Ҷ. Доорник) бисёр баён ёфтаанд. Ж. Б. Ламарк тахмин мекард, ки одам аз маймунҳои қадимаи одамшакл пайдо шудааст, ин маймунҳо зери таъсири дигаргуниҳои муҳити атроф ба шакли нави ҳаётгузаронӣ гузаштаанд. Вале назарияи пайдоиши одамро аз маймунҳои хеле инкишофёфта олими англис Ч. Дарвин ҳамаҷониба асоснок намуд. Ӯ дар китобаш «Пайдоиши инсон ва интихоби ҷинсӣ» (1871) бо такя ба маълумоти анатомияи муқоисавӣ, физиология, эмбриология, патология, паразитология, геология, археология, палеонтология пайдошавии инсонро аз ҳайвон (маймун) пешниҳод кардааст.
Ч. Дарвин дар асари дигараш «Зуҳури эҳсос дар одам ва ҳайвонот» (1872) умумияти таассуроти (аксуламал) рафтори одаму маймунро таҳқиқ намудааст. Хулосаҳои асосии ӯ дар бобати аз маймунҳои одамшакл ба вуҷуд омадани одам барои назарияи муосири антропогенез аҳамияти бузург доранд. Баробари интихоби табиӣ Дарвин эҳтимолияти иштироки дигар омилҳо, чун интихоби ҷинсӣ ва машқи бисёри ҷисмониро дар таҳаввулоти одам ба эътибор гирифтааст. Ҳамзамон назарияи дарвинии интихоби табиӣ қариб ба масъалаи асл ё ҷавҳари инсон ва ҷанбаҳои иҷтимоии пайдоиши он дахл накардааст. Соли 1823 дар мағораи Пэвилэнд (Уэлс, Британияи Кабир) устухонбанди одам бе косахонаи сар (ҳангоми ташхис маълум шуд, ки устухонбанди мард аст) ёфт гардид, ки болояш ранги сурхтоб — охра — аҳмар пошида, ҳамроҳаш афзори давраи оринякӣ нигаҳ доштаанд ва онро олимон «Хонуми сурх» ном карданд. Соли 1852 дар мағораи Ориняк дар департаменти Гароннаи Боло (Франсия) тақрибан 17 устухонбанди шабеҳ дарёфт карданд. Соли 1868 устухонбанди одамони палеолити боло дар мағораи Кро — Манон дар дарёи Везер (Франсия) ва солҳои 1872 — 94 дар мағораи Грималди (Италия) кашф гардиданд, ки ба шакли ҷамъбастӣ «кромононсҳо» ном гирифтаанд.
Соли 1848 дар нишебиҳои шимолии сахраҳои Гибралтар аввалин устухонбанди неандертал ёфт шуд. Рағбати зиёд ба одамони қадим бо дигар бозёфт мувофиқ афтод, ки аз рӯи он одами неандерталӣ номашро гирифт. Соли 1856 дар водии Неандертал, дуртар аз Дюселдорф (Германия) аз мағораи Фелдхофер косахонаи сар ва устухонҳо бароварда шуданд. Яке аз устухонбандии нисбатан пурраи неандерталӣ дар Ля-Шанпел-о Сен (мағораи Буффия, департаменти Коррези Франсия) соли 1908 ёфт гардид. Дар соли 1866 пайрави назарияи таҳаввулотӣ Э. Геккел «насабнома»-и одамро тарҳ кашида, махлуқи тахминиро нишон дод, ки аз лиҳози сохт шабеҳи маймуни осиёии одамишакл ва одам мебошад, дар охири давраи сеюм — Pithecanthzopus alalus (одами маймуншакли бе нутқ) маскун буд. Анатом ва духтури голландӣ Е. Дюбуа солҳои 1891 — 93 дар ҷазираи Ява, дар соҳили чапи дарёи Соло (Бенгаван) косахонаи сар, устухони рон ва се дандони махлуқеро дарёфт, ки онро Pithecanthropus erectus (маймунодами рост роҳраванда) номид. Дар солҳои 1937 — 41 Г. фон Кёнигевалд дар қабатҳои поёни давраи чоруми геологии атрофи Сангиран (ҷазираи Ява) боқимондаи боз чор питекантропро кашф намуд. Соли 1918 Пэй Вэнчжун наздикии деҳаи Чжоукоудян, 60 км дар қисмати ҷануб ғарби Пекин (Хитой) косахонаи сари синантропро ёфт. Соли 1960 дар қабати якуми дараи Олдувай (Танзанияи Шимолӣ) бори аввал боқимондаи Homo habilis (одами ӯҳдабаро) кашф гардид.
Приматшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оғози солҳои 60 садаи XX дар приматшиносӣ ва антропогенез усулҳои нави таҷдиди филогенетӣ босуръат равнақ меёбанд. Барои нишон додани тадқиқоти механизмҳои молекулярии пайдоиши одам соли 1962 истилоҳи «антропологияи молекулярӣ» пешниҳод гардид. Масъалаи ҳад миёни одам ва ҳайвонот дар антропологияи советӣ, ки мувофиқ бо фалсафаи марксистӣ бунёд меёфт, чун анъана дар маркази диққат қарор мегирифт. Дар ҳамин ҳол тасаввурот оид ба рушди ҳудудӣ, яктарафа ва тадриҷан шаклҳои ахлоқи ҷамъиятӣ аз сода ба мураккаб бартарӣ дошт. Ин тасаввурот дар асари Ф. Энгелс «Роли меҳнат дар равияи аз маймун ба одам табдиёлбӣ» ифода меёбад. Қобилият ба худшиносӣ, ҳадафмандӣ, хотираи дарозмуддат, пешгӯии амали атрофиён, сарфаҳм рафтан ба қонунияти умумии амал дар доираи гурӯҳҳо, фиреби ҳамқавмон — ин ҳама хислатҳои «одамӣ» мансуби насли аввали намояндагони Homo мебошанд. Ҳамаи ин сифатҳо баъзан дар ҳолати мабдаъ ё ибтидоӣ ҳоло дар маймунҳои одаммонанд — шимпанзе, бонобо, горилла, орангутан зоҳир мешаванд. Ҳангоми муайян кардани ҷойгоҳи одам дар системаи олами ҳайвонот олимон зикр мекунанд, ки ҳамаи одамони муосир ба як намуд (ё ҳатто зернамуд)-и инсони бафаҳм — Homo sapiens (Homo sapiens sapiens) мутааллиқанд. Одам дар натиҷаи раванди дуру дарози таҳаввулот бо олами ҳайвонот алоқаи зичро ҳифз менамояд. Шабоҳати нисбатан бештари одам бо приматҳо дар ҳамаи сатҳҳои ташкили биологӣ ба мушоҳида мерасад. Рушди системаҳои асосии «одамшавӣ» (якравӣ, муомилаи гуногун, системаи мағз, (ақл — даст, фаъолият) дар ин ё он намуд барои ҳамаи приматҳои олӣ хосанд. Аммо одам махлуқи ҷамъиятист, хусусияти фарқкунандааш шуур аст, ки дар асоси фаъолияти ҷамъиятӣ — меҳнатӣ ташаккул меёбад. Инкишофи баланди мағз ва зеҳн, серебрализатсия (ба вуҷуд омадани неокортекс — дигаргуншавии қишри майнаи сар), қобилият ба ивази тези таассур, инкишофи системаҳои коммуникатсионӣ (забон), васеъшавии вазифаи дастҳо, кӯтоҳшавии силсилаи ҷинсӣ, дароз гардидани давраи ҳомилагӣ, афзудани давомнокии умр, дарозтар шудани давраи кӯдакӣ, маҳрумшавии афзоиши мавсимӣ — инҳоанд самтҳои инкишоф, ки таҳаввули одамро таҷассум менамоянд (ин хосиятҳо дар намудҳои дигар барои маймунҳои одаммонанд низ хосанд). Чун намуди зоологӣ Homo sapiens дар системаи филогенетӣ вазъияти маҳсурро ишғол намекунад, он ба шоҳигарии ҳайвонот (Animalia), навъҳои хордавӣ (Cnordada), ҳайвоноти ширхор (Mammalia), гурӯҳи приматҳо (Primates), оилаи гоменид (Hominidae) марбут аст. То корбурди усулҳои генетикӣ ва биологияи молекуляторӣ дар антропология гоминоидҳоро ба ду оила тақсим менамуданд: понигидҳо (горилла, шимпанзе, орангутан, гиббон) ва гоминидҳо (намояндагони насли Homo). Соли 1967 бародарон Ҷ. ва П. Нэйпир намуди гиббонҳо дар оилаи алоҳидаи Hylobatide-ро пешниҳод намуданд. Соли 1963 М. Гудмэн бо такя ба тадқиқоти сафедаҳои зардоб (хуноба) оилаҳои Hylobafide (гиббонҳо), Ponqidae (орангутанҳо), Hominidae (Homo, Gorilla, Pan — одам, горилла, шимпанзе)-ро ҷудо кард. Маълумоти дурагакунии молекулярӣ (ДНК) ин таснифотро собит сохт. Мувофиқи раддаи филогенетӣ, ки антропогенез Ман ва М. Вейс (1996) пешкаш намуданд, оилаи гоминидҳо одам ва маймунҳои одамшаклро муттаҳид месозанд. Дар он ду зероила — Ponqinae (як насли Ponqo — орангутан) ва Hominine дохиланд. Дар зероилаи Homininae ду триб ворид мешавад: Gorillini (Gorilla) ва Hominini (зертриби Panina — Pen шимпанзе; зертриби Hominina Homo — одам). Бо вуҷуди ин масъала оид ба вазъи таксономии одам ва маймунҳои одамшакл ҳамоно мубоҳисавӣ боқӣ мемонад. Соли 2001 М. Гудмэн, Ҷ. Желузняк, С. Пэйдж ва К. Мейрелес таснифоти нисбатан қатъии филогенетикиро пешниҳод карданд, ки ба омӯзиши ядроии кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) такя мекунанд. Дар ин раддаи таснифӣ шимпанзе ва одам дар як насли Homo ҷой мегиранд. Аз рӯи ҳисоби генетикҳо ҷудошавии оилаҳо ба зероилаҳо 23 — 22 млн сол пеш, зероилаҳо ба трибҳо 20 — 16 млн сол, триб ба зертрибҳо — 14 — 11 млн сол, зертриб ба наслҳо 10 — 7 млн сол, наслҳо ба зернаслҳо 6 — 4 млн сол сурат гирифтааст. Тақсимот ба намудҳо 3 — 1 млн сол қабл ба вуқӯъ пайвастааст. Бозёфтҳои палеантропологии охири садаи XX бо маълумоти биологияи молекулярӣ ва генетика мувофиқ меафтанд ва умри хешии шимпанзе ва одамро қадимтар мегардонад. Авлоди охирини шимпанзе ва одам қариб 8 млн сол пеш дар Африка зиндагӣ доштанд. Манбаи асосии пайдоиши приматҳо, аз ҷумла гоминид гуногунанд, аммо муҳимтаринашон бозёфтҳои палеонтологӣ ва палеантропологӣ мебошанд. Давоми 50 соли охир аз нав таҳқиқ кардани наслҳо ва намудҳои приматҳои қадим ба маротиб афзуд. Таксонҳои палеонтологӣ ва имрӯза якхелаю мувофиқ нестанд ва аксаран хусусияти зоҳирӣ доранд, аз ин рӯ, дар шакли муқоисавӣ — анатомӣ сара мешаванд, дар антропологияи таҳаввулотӣ такроран омӯхтан, аз нав муоина ва тасниф кардан амри табиист. Аз ин хотир аксари олимон бар онанд, ки истифодаи теъдоди зиёди натиҷаҳои давраҳои гуногун ба баровардани хулосаҳои арзишнок мусоидат менамоянд. Дар антропологияи молекулярӣ якчанд усули муқаррар кардани дараҷаи фарқияти таксонҳои қадим, чун картиронӣ ва дурагакунии КДН, муайянсозии муттасилии сафедаҳо ва дигар микромолекулаҳо, электрофорез, санҷишҳои серологӣ корбаст мешаванд. Муайян кардани «фосилаи таҳаввулот» дар асоси маълумоти палеонтологӣ, инчунин биологияи молекулярӣ муфид аст. Барои ҳалли масъалаҳои приматҳо ва антропогенез усулҳои таърихмонӣ ё санагузорӣ (калий — аргонавӣ, уранӣ ва радиокарбон), термолюминессенсия ва инъикоси парамагнити электронӣ аҳамияти калон доранд.
Инкишофи приматҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Инкишофи приматҳо дар давоми давраи кайнозой ҷараён дошт. Марҳалаи аввали таҳаввули онҳо пурра омӯхта нашудааст. Аломатҳои тарзи хоси приматҳои одӣ дар оғози эотсен, бо шурӯи сардшавӣ думболагирӣ мешаванд. Приматҳои аслӣ адапидҳои лемурмонанд ва омомидҳои доғдор дар ҷангалҳои эотсеновии Америкаи Шимолӣ ва Европа, камтар дар Осиё ва Африка паҳн шуда буданд. Дар сарҳади эотсен ва олигосен дар манотиқи шимол хунукӣ оғоз шуд, ки дар натиҷа теъдоди приматҳои қадим ниҳоят коҳиш ёфт. Приматҳои давраи кайнозой тақр. шабеҳи антропоидҳо дар Африка, ҷануб Европа, Америкаи Ҷанубӣ маскун буданд. Маймунҳои аввалин дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Мянма), Африқои Шимолӣ (Миср), андаке баъдтар дар Америкаи Ҷанубӣ (ҳудуди ҳозираи Аргентина ва Боливия) пайдо гардиданд. Ба ақидаи аксар олимон маймунҳои Олами Қадим ва Олами Нав аз гузаштагони умумӣ баромадаанд. Боқимондаи антропоидҳои барвақтӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (насли амфипитек — Amphiphithecus ва пондаунгия — Pondaunqia, на дертар аз 40 млн сол пеш) пайдо шудаанд.
Қадимтарин маймуни антармонанд дар Африқои Шарқӣ ва Шимолӣ давраи миотсен арзи вуҷуд намуда, баробари гармшавӣ ба дигар гӯшаҳо паҳн гардидааст. Оғози таҳаввули гоминид ҳам ба давраи миотсен рост меояд. Гоминидҳои қадимтарин — прокунсулҳо (Driopithecus africanus 24 — 16 млн сол пеш) дар Африқои Шарқӣ, кениапитекҳо (Keniaphithecus, 15 — 12 млн сол пеш эҳтимолан гузаштагони умумии ҳамаи намудҳои маймунҳои одамшакл), дриопитекҳо ва сивапитекҳо (Sivapithecus, 17 — 8 млн сол пеш) дар Африка, Европа ва Осиё ба вуҷуд омадаанд. 20 — 16 млн сол пеш намудҳои проконсулоидӣ ба Европа ва Осиё ҳиҷрат намудаанд, аз онҳо дриоморфҳо, намудҳои дриопитекҳо, рамаморфҳо — сивапитекҳо (гузаштагони орангутанҳо) ва питекҳои азимҷусса (Giqantopithecus 7 — 1 млн сол пеш) пайдо шуданд. Тағйироти иқлим дар давраи миотсент ва эҷоди рифти Африқои Шарқӣ ба вайроншавии ландшафти (намуди сатҳи замин) ҷангалҳои тропикӣ сабаб гардид ва майдони фазои кушод зиёд шуд. Доираи маводи хӯрокии приматҳо тағйир ёфт. Гузаштагони маймунҳо акнун ҳамчун ғизо на танҳо мева (ҳосил), балки барги дарахтонро истифода мебурданд. Тағйироти иқлим зарурати адаптатсия (ба муҳит мувофиқшавии узвҳо)-и приматҳоро чун дигар намуди ҳайвонот ба миён овард, роҳгардии гузаштагони маймун бо ду пой шурӯъ шуд. Муддати дароз пешгузаштагони бевоситаи Homo-ро австралопитекҳо меҳисобиданд. То ба ҳол баъзан дар ин радиф Australiopithecus afarensis (Кения, Канопоӣ)-ро ном мебаранд, ки 4, 2 — 3, 9 млн сол пеш зиндагӣ мекарданд. Ба унвони пешиниёни имконпазир намояндагони афарии австралопитекаро (бозёфти маълуми Australopithecus anamensis «Люси», Эфиопия, таназзули Афари) ҳам мешуморанд. Соли 2001 Б. Сена ва М. Пикфорд раддаи нави таҳаввулро пешниҳод намуданд: наслҳои Australopithecus ва Homo дар хатти мустақил 6, 8 млн сол пеш ҷудо шудаанд, гузаштагони нахусти одам аз намуди Orrorin tuqensis баромадаанд, ки 6, 2 — 5, 6 млн сол пеш зистаанд. Боқимондаҳои орорринҳо дар вил. Барингои Кения (Африка) кашф шудаанд. Аз муоинаи сохти устухонбанди постекраниалии (бе косахонаи сар) ороррин бармеояд, ки ин насл дар рӯи замин дар ҳолати амудӣ ҳаракат мекард, ҳарчанд хазида баромадан ба дарахтонро авло медонист. Он ҷисман аз Australapithecus afarensis калонтар буд.
Соли 2002 гурӯҳи олимони франсавӣ намояндаи боз ҳам қадимтари таҳаввули одамро бо номи гоминин ба рӯйхат гирифтанд, ки 7 млн сол пеш дар Африқои Марказӣ (Ҷумҳурии Чад) вуҷуд дошта, бо душворӣ аз гузаштагони шимпанзе ҷудо гардидааст. Гоминиро ба насли нав ва намуди Sahelanthropus tchadensis ворид намуданд. Сахелантроп дар ҷангалҳои тропикӣ ва қитъаҳои хурди аз дарахтон холӣ мезист. Намояндагони қадимии эътимодноки насли Homo қариб 2 млн сол пеш маълуманд. Ғайр аз бозёфти олдувай аз Танзания ба намояндагони Homo habilis (одами тавоно) ҳамчунин дигар шаклҳои дар Африқои Шарқию Ҷануби кашфшуда дохил мешаванд. Дигар таксони Homo erectus (одами ростраванда ё архонтроп; номи кӯҳнааш Pithecanthropus erectus Duboiis) давоми буриши тасалсулӣ 1, 5 то 0, 4 млн сол пеш вуҷуд доштааст. Ин намуд на дертар аз 1 млн сол пеш дар Авруосиё сокин шудааст. Пикантропҳо дар Индонезия, Осиёи Шарқӣ, Африқои Шарқӣ ва Шимолӣ маскун гардиданд. Тахминан 0, 3 — 0, 025 млн сол пеш барои пайдоиши одами муосир давраи дорои аҳамияти хос мебошад. Аҳолии Афроевроосиё дар ин давра хеле гуногун буд. Дар тафовут аз архантропҳо, ки, бешубҳа, ба Homo erectus дохиланд, вазъи палеантропҳо чандон муайян нест. Қисми афзалиятдори онҳо ба таксони Homo neanderthalensis (Homo sapiens neanderthalensis) дохил мешаванд. Бозёфтҳои археологӣ, антропологӣ, палеоантропологӣ осори зиёди марбут ба гузаштагони одамро пайдо намуданд. Бо вуҷуди ин на ба ҳама суолҳо дар мавриди пайдоиши одам ҷавоби аниқ дода шудааст. Аз ҷумла чаро сиёҳпӯстон дар Африқа, сурхпӯстон дар Америка, зардпӯстон дар Осиёи Шарқӣ, сафедпӯстон дар Европа сукунат доранд, масъалаест, ки то ҳанӯз баҳс дар сари он идома дорад. Андешаи донишманди машҳури англис Ч. Дарвин «Одам аз маймунҳои чорпои пашмдори думдароз пайдо шудааст» ва ақидаи Ф. Энгелс «Инсонро меҳнат ба намуди имрӯза даровардааст» низ ҳоло ҳақиқати кул шумурда намешавад. Ба саволи одамро ба сохтани олоти меҳнат чӣ маҷбур кард ҳам ҷавоби қонеъкунанда дода нашудааст. Шакке нест, ки дар шаклгирии инсон таъсири коинот, дигаршавии доираи магнитии замин ва дигар омилҳо нақш бозидаанд ва дар ин маврид тадқиқот идома дорад. Зимнан, дар ҳудуди Тоҷикистон устухонҳои ҳомоэректус, Неадертал ва одами баъдии Кромонён Номосопиенс ёфт шудаанд. Пас метавон гуфт, ки диёрамон яке аз ватанҳои қадими пайдоиши одам ва маймунҳои соҳибақл аст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антропогенез / Ю. Яқубов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Алексеев В. П., Палеоантропология земного шара и формирование человеческих рас: Палеолит, М., 1978;
- Хрисанфова Е. Н., Эволюционная морфология скелета человека. М., 1978;
- FRAVER D. F., WOLPOFF M. F., THORNE A. G., SMITH F. H., POPE G. G., Homo sungirensis: Верхнепалеолитический человек: экологические и эволюционные аспекты исследования, М., 2000: KAESTLE F. A., ORSBUGH H. A., Ancient DNA in anthropology: Methods, Applications and Ethics // Yearbook of Physical Aninropology, 2002.