Антропоморфизм
Антропоморфи́зм (фр. anthropomorphisme аз юн. ανθρωπος — инсон, μορφή — намуд, симо, шакл) — мушобиҳа ба ҳодисаҳои табиат ва мавҷудоти хаёлӣ нисбат додани сифатҳои инсонӣ.
Ҷаҳонбинӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Антропоморфизм шакли ибтидоии ҷаҳонбинӣ мебошад ва бештар дар тасаввурот дар бораи Худоҳо мушоҳида мешавад. Инсони ибтидоӣ ва дар ҷамъиятҳои синфӣ аз маълумот маҳрум ва таҳти истисмор монда, бинобар содалавҳӣ ва нафаҳмидани моҳияти аслии падидаҳои табиат ва ҷамъият сабаби онҳоро ба мавҷудоти бофтаи хаёлаш, ки онҳоро дар шакли инсони пурқудрат ва фавқуттабиӣ тасаввур мекард, мутааллиқ медонист. Ҳиндиён, мисриён, бобулиён, юнониён, суриёниҳои қадим худоҳоро дар шаклҳои мушобеҳ ба одам тасаввур менамуданд. Фарқи худоҳои юнони бостонӣ аз инсон дар ин буд, ки онҳо беҳад пурқудрат ва фанонопазир буданд. Юнониҳои бостон худоҳои худро ҳамчун мардон ва занони зебову мавзун муҷассам мекарданд. Антропоморфизм дар динҳои буддоӣ ва масеҳият бештар назаррас буда, дар динҳои яҳудӣ ва ислом ба мушобаҳа нисбатан камтар роҳ додаанд.
Баъзе антропоморфизмро ба дини ислом низ хос медонанд ва истинод бар ин доранд, ки дар Қуръон омадааст Худо дорои даст аст, мебинад ва мешунавад ва ғайра Муфассирони ислом ақидаҳои ба Худои таъоло нисбат додани даст, чашм, рӯй ва ғайраро, ки дар Қуръон омадааст, ба он тавре, ки ба тассавуроти одӣ ва сатҳӣ хос аст, рад мекунанд. Ҳамзамон бо инкишофи илму тамаддун ва ошкортар шудани сустиҳои дин ва хилофи ақл будани усули он назариётчиёни мазҳабҳои мухталиф кӯшидаанд, то ки динҳоро аз хислатҳои мушобиҳан дурушт озод намоянд. Дар натиҷа кӯшишҳои талқини ваҳдоният, яъне ягона будани Худо ривоҷ ёфта, таълимоти динию фалсафӣ (теизм, худосозӣ) ба вуҷуд омаданд. Антропоморфизм хоси фолклор низ мебошад.
Афсона
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар афсонаҳо, сурудҳо, чистонҳо ба ашё ва ҳодисаҳо хислатҳои инсонӣ дода шудаанд, вале аз мушобиҳаи динӣ бо хусусияти ба зиндагӣ наздиктар буданашон фарқ доранд. Антропоморфизм ба баъзе мафҳумҳои илмӣ (қувва, энергия, кор) низ хос аст, вале онҳо ифодакунандаи воқеияти объективӣ мебошанд. Пешрафти илм ва кашфи моҳияту сабаби воқеият ва падидаҳои олами модӣ ҷаҳонбинии илмиро тавсеа дода, боиси маҳдудияти антропоморфизм мегардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антропоморфизм / К. Олимов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.