Анубис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анубис
Инпу
Анубис
Анубис
Бог бальзамирования, смерти и загробного мира, хранитель ядов и лекарств
Мифология Древний Египет
Толкование имени ведающий тайнами[1]
Греческое написание юн.-қад. Ἄνουβις
Латинское написание лот. Anubis
Имя на других языках
in
p
wE16

Инпу
Пол мужской
Занятие проводник умерших в загробном царстве, оберегатель кладбищ и мумий
Отец Осирис
Мать Нефтида
Супруга Инпут
Дети Кебхут
Связанные персонажи Гор, Осирис, Исида
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ану́бис (Инпу) — яке аз худоҳои миллии Мисри Қадим.

Дар Мисри Қади Анубис худои фавтидагон, нигоҳдорандаи дахма ва мадфуншудагон ҳисоб меёфт. Мумиёро барои нигоҳдории фиръавнҳо гӯё маҳз бо ёрии Анубис месохтаанд. Дар таърихи дини мисриёни қадим маҷмӯаи навиштаҷоте бо номи «Китоби фавтидагон» аҳамияти хосае дошт, ки баъди марг бо ҳамроҳии фавтида дар қабр мегузоштанд. «Китоби фавтидагон» аз чанд қисмати гуногун иборат буда, дар он сурудҳои охиратӣ ва роҳҳои мумиёкунӣ дар охират дарҷ ёфта буданд. Дар яке аз бобҳои «Китоби фавтидагон» навишта шуда буд, ки рӯҳи фавтида дар охират дар ҳузури қозигии Анубис худро сафед карда мегуфт, ки «Ман чизе маҳкумкунандаи худоёнро содир накардаам. Ман мусоидат накардаам, ки хоҷаам ғуломашро биранҷонад. Ман ӯро маҷбур накардаам, ки гурусна нигоҳ дорад. Ман ашки касеро нарехтаам. Ман касеро қатл накардаам». Ҳамчунин як боб дар бораи саёҳати фавтида дар киштии тилоии худои олии миллату давлати мисриёни қадим — Ра сабт шуда буд. Баъди марг гуноҳ ва савоби фавтида дар шоҳидии Анубис баркашида мешуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]