Анурия
Зоҳир
МКБ-10 | R33. |
---|---|
МКБ-9 | 788.5 |
DiseasesDB | 23641 |
eMedicine | / |
MeSH | D001002 |
Анурия (аз юн.-қад. ἀν- — ҳиссачаи инкорӣ ва οὖρον — пешоб) — наомадан ё хеле кам омадани пешоб.
Анурия дар натиҷаи бемориҳои вазнини гурда, роҳи пешобро бастани санги масона, аз омос фишурда шудани нойи пешоб, суст шудани кори дил ва ғайра ба вуҷуд меояд. Аломатҳои анурия хушк шудани даҳон, ташнагӣ, дилбеҳузурӣ, қай ва ғайра мебошанд. Зиёда аз ду шаборӯз наомадани пешоб боиси заҳролудии организм ва уремия мегардад. Бо мақсади табобати анурия қабл аз ҳама сабаби онро бартараф сохтан лозим аст. Дар сурати ғайриимкон ё бесамар будани тадбирҳои зарурӣ аз гурдаи сунъӣ истифода мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анурия // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.