Анҷибар
Анҷибар | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
|
Анҷибар, атранҷибар, анҷибари бӯё (Pelargonium roseum) — як навъ нимбутта ё буттаи худрӯй.
Дар шароити Тоҷикистон зироати яксола аст. Пояаш рост ё андак хамидаи сершох (1 — 2 м қад мекашад). Баргаш панҷамонанд (дарозиаш 4 — 5 см, бараш 5,5 — 7,5 см), думчадор, барги навсабзаш серпашмак. Гулаш гулобӣ, 5-барга (хӯшааш 2 — 12-гула). Анҷибар аслан аз Африқои Ҷанубист. Онро дар бисёр кишварҳои дунё парвариш карда, аз баргу пояаш равғани эфир мегиранд. Анҷибарро ба Тоҷикистон соли 1931 овардаанд. Анҷибар зироати гармипарвард аст. Тирамоҳ пеш аз кишт ба замин нурии органикӣ андохта, чуқур (27 — 30 см) шудгор мекунанд. Анҷибарро аз қаламча зиёд менамоянд. Баргу пояи Анҷибар барои истеҳсоли равғани эфир, одатан, моҳҳои август — сентябр ғундошта мешавад. Солҳои пеш дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ аз ҳар га анҷибарзор 500—600 сентнер баргу пояи сабз ҷамъ оварда мешуд. Аз 1 т баргу пояи анҷибар 1400—1500 г равғани эфир мегиранд. Сифати равғани эфири анҷибар аз рӯи миқдори гераниол ва ситронеллоли таркиби он муайян карда мешавад. Равғани эфири анҷибари гулобӣ 51,8 — 51,9 % ситронеллол ва 21,4 — 20,2 % гераниол дорад; ментол ном моддаи таркиби равғани эфир набояд аз 15 % зиёд бошад. Равғани эфири анҷибарро дар атриёт, қаннодӣ, тиб ва истеҳсоли локу ранг фаровон истифода мебаранд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қосимов Ҷ. К. (ва диг.), Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975;
- Ҳоҷиматов М., Анҷибар, дар кит.: Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ), ҷ. 1, Д., 1978;
- Крачковская Л., Алимов Ф., Рекомендации по возделыванию герани в Таджикской ССР, Д., 1987;
- Полуденный Л. В., Сотник Е. Е., Эфирно-масличные и лекарственные растения, М., 1979;
- Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анҷибар / М. Ҳоҷиматов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.