Jump to content

Анҷибари тал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анҷибари тал
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Анҷибари тал, кафшакгул (Geranium collinum) — гиёҳест худрӯй.

Пояаш сершох (15 — 120 см қад мекашад), пашмакдор. Баргаш гурдашакл, 5 — 7-парра, панҷамонанд. Гулаш бунафши арғувонӣ, гулобӣ, баъзан сафед (сершаҳд), моҳҳои июн — август мешукуфад. Тухмаш майда, дарозрӯя, бӯртоб (охири июл — сентябр мерасад). Дар минтақаи ҷангалзори дарахтони паҳнбарг, арчазор, алафзори дашт, марғзори баландкӯҳ, соҳили рӯду дарёҳо (қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ, Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ, 800 — 3800 м аз сатҳи баҳр) нумӯ меёбад. Анҷибари тал хӯрокии хуби чорвост (махсусан бузу гӯсфанд нағз мехӯрад). Табибони халқӣ ҷӯшоби бех ва баргашро чун доруи рафъи илтиҳоб ва хунбанд (ҳангоми хуншории бачадон ва бавосир) тавсия медиҳанд, инчунин бо он саръ, бехобӣ, тарбод, исҳол, иллати меъдаву рӯдаро табобат мекунанд. Баргу пояи кӯфтаи онро ба ҷароҳати бадани чорво мепошанд. Аз анҷибари тал дар замонҳои гузашта ранги зард мегирифтанд.

  • Қосимов Ҷ. К. (ва диг.), Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975;
  • Ҳоҷиматов М., Анҷибар, дар кит.: Энсиклопедияи Советии Тоҷик (ЭСТ), ҷ. 1, Д., 1978;
  • Крачковская Л., Алимов Ф., Рекомендации по возделыванию герани в Таджикской ССР, Д., 1987;
  • Полуденный Л. В., Сотник Е. Е., Эфирно-масличные и лекарственные растения, М., 1979;
  • Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981.