Анҷирак
Анҷирак | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: параметри latin пур нашудааст. |
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО Параметри latin пур нашудааст |
||||
|
Анҷирак (лот. Pýrus...) — навъе аз мурӯд. Худрӯй ва мазрӯъ мешавад.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарахташ бутташакл, парешоншоха, 4 — 7 м қад мекашад. Пӯсти тана ва шохаҳои асосиаш сиёҳтоб, ҷигарии кушод ё хокистарранг, андаке хордор. Баргаш миёнаҳаҷм (5 — 6 Х 2 — 3 см), дарозрӯяи байзашакл, нештармонанд. Апрел — май гул карда, сентябр — октябр мевааш мепазад. Мевааш миёнаҳаҷм (дарозиаш 38 — 40 мм, қутраш 40 — 42 мм, вазнаш 30 — 40 г), лӯнда, нӯгаш паҳн, пӯсташ зардча, сахт ва ғафс. Гӯшти мевааш сафеди гулобитоб, хушбӯй, сахт, доначадор, ширин ва андак нордон; 5 — 9 дона тухми ҷигарӣ дорад. Аз як бех дарахти 25 — 30-солааш 60 — 70 (баъзан 300—350 кг) ҳосил меғундоранд. Мевааш баъди пурра пухтан 11,82 % қанд, 0,14 % ҷавҳар ва 1,23 мг% витамини С дорад. Меваи анҷиракро тару тоза мехӯранд, мехушконанд ва барои зимистон (40 — 60 рӯз) нигоҳ медоранд. Баъди аз дарахт чида нигоҳ доштан, мевааш хуштаъм мешавад. Анҷиракро аз тухм, бехҷаст ва бо роҳи пайванд зиёд мекунанд. Ниҳолаш баъди 4 — 5 сол самар меорад (ниҳоли аз тухм рӯидааш баъди 10 — 11 сол).
Дар Тоҷикистон анҷираки худрӯй дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой, Дарвоз, минтақаи бешазори паҳнбарг ва гармсер (то баландиҳои 1400—1600 м аз сатҳи баҳр) месабзад. Ниҳоли анҷираки хасакро барои пайванд истифода мебаранд. Бисёр навъҳои маъмули нок ва мурӯд дар натиҷаи ба анҷираки худрӯй пайванд кардан рӯёнда шудаанд. Анҷирак бештар дар дараи Ҳоит, деҳаҳои Ҷафр, Нимич, Янголику Хуфаки ноҳияи Рашт, Сатрону Пиндони ноҳияи Ҷиргатол дучор меояд. Дарахташ ба камобӣ, ҳашароти зараррасон ва касалиҳо тобовар аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қосимов М., Навъҳои маҳаллии мурӯду нокҳо, Д., 1971;
- Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л., 1976.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анҷирак // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Википедия:Мақолаҳои зистшинохтӣ бидуни таксошаблон
- Гиёҳон аз рӯи алифбо
- Википедия:Статьи об организмах без иллюстраций на Викианборе
- Статьи без ссылки на Викивиды
- Биологические статьи без ITIS
- Биологические статьи без NCBI
- Биологические статьи без EOL
- Биологические статьи, где отсутствует перенаправление с латинского названия таксона