Jump to content

Анҷумани байналмилалии мутолиоти ҷавомеи форсизабон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анҷумани байналмилалии мутолиоти ҷавомеи форсизабон

Анҷумани байналмилалии мутолиоти ҷавомеъи форсизабон — созмони илмию фарҳангӣ.

Соли 1999 таъсис ёфтааст. Дафтари асосиаш дар шаҳри Нию-Ёрки ИМА воқеъ мебошад. Бахшҳояш дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон (2001) ифтитоҳ гардидааст. Ҳадафи Анҷуман омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми форсизабони дунё мебошад. Ба узвияти он бисёр олимони варзидаи давлатҳои гуногуни дунё пазируфта шудаанд. Анҷумани соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла масоили улуми иҷимоӣ, иқтисод, таърих, забон, адабиёт, фолклор, мардумшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайраро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Матолиби заруриро дар маҷаллаи «Мутолиот дар ҷавомеъи форсизабон» ба забонҳои форсию англисӣ ва дар хабарномааш «ASPS Newsietter» ба табъ мерасонад. Ҳамзамон Анҷуман ба хотири амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ба олимони давлатҳои форсизабон бобати табъу нашри осори илмиашон, ширкат варзидан дар конференсияву семинарҳои илмии байналмилалӣ мадади моддӣ ва амалӣ мерасонад, барои таҷрибаомӯзӣ ва таҳсили кӯтоҳмуддат ба олимон ва донишҷӯёни ҷавони қобилиятнок дар ИМА шароити мусоид фароҳам меоварад.

  • Анҷумани байналмилалии мутолиоти ҷавомеи форсизабон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.