Апертура
Зоҳир
Апертура (лот. apertura — равзан) — равзани кории системаи оптикӣ, ки бо андозаҳои линзаҳо ё диафрагмаҳо муайян карда мешавад.
Апертураи кунҷӣ — кунҷи α байни шуоъҳои канории дастаи махрутии рӯшноии ба системаи оптикӣ воридшаванда.
Апертураи ададӣ — бузургии nsin α/2 (n — нишондиҳандаи шикасти муҳит).
Дараҷаи равшании тасвир ба квадрати апертураи ададӣ ва қобилияти тафриқаи асбобҳои оптикӣ ба апертураи мутаносибанд. Азбаски апертураи ададӣ ба n мутаносиб аст, ашёи муоинашавандаро аксар дар моеи нишондиҳандаи шикасташ калон ҷой медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.