Апостроф
Апостроф | |||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
'’ | |||||||||||||||||||||||
Тасвир | |||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||
Хусусиятҳо
| |||||||||||||||||||||||
Юникод |
': U+27 | ||||||||||||||||||||||
HTML-код |
': | ||||||||||||||||||||||
UTF-16 |
': 0x27 | ||||||||||||||||||||||
URL-код |
': %27 | ||||||||||||||||||||||
Мнемоника |
': |
Апостроф (фр. apostrophe аз юн.-қад. ἀπόστροφος — ба як самт ё ба қафо нигаронидашуда) — аломати вергулшаклест (’), ки дар болои сатр гузошта мешавад.
Дар дигар забонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар баъзе забонҳои аврупоӣ ба ҷойи садоноки талаффузнашаванда ба кор мебаранд. Масалан, дар забони англисӣ I’m ба ҷойи I am, don’t ба ҷойи do not; дар забони франсавӣ l’homme ба ҷойи le homme; дар забони италиявӣ dell’ arte ба ҷойи della arte ва ғайра Дар баъзе номҳои аз забонҳои аврупоӣ ба забони русӣ гузашта пас аз бандакҳо апостроф гузошта мешавад: Д’ Артанян, О’ Генри, О’ Брайен, О’ Конор, Жанна Д’ Арк ва ғайра.
Дар забони тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин калимаҳо дар забони тоҷикӣ ба ҳамин тарз сабт мегарданд.
Дар овонавишти фонетикӣ дар забони русӣ апостроф барои ифодаи хосияти нармии талаффуз корбаст мешавад: [д’ен’] – день, [д’ад’ъ] – дядя. Дар забони тоҷикӣ ҳангоми сабти фонетикии нимовози калимаҳои лаҳҷавӣ апостроф ва ё аломати ъ-ро ба кор мебаранд: в’t – въt – буд; к’ҷо – къҷо – куҷо? ва ғайра Дар имлои забони русӣ то охири солҳои 20 садаи XX апостроф вазифаи ҷудосозандаи ҳиҷоҳоро иҷро мекард: с’езд, под’ём, под’езд, об’явление ва ғайра. Соли 1928 ба аломати сакта (ъ) иваз шуд. Бо ҳамин вазифааш апостроф дар алифбои лотинии забони тоҷикӣ маъмул буд ва баъдан бо аломати сакта иваз гардид: ja’ne – яъне, Sa’di – Саъдӣ, ba’d – баъд ва ғайра
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Апостроф // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.