Аппарати кинопроексионӣ
Аппарати кинопроексионӣ (аз кино ва лот. лот. projicio – пеш партофтан) — дастгоҳест барои ба экран проексия кардани кинофилмҳо.
Қисмҳои асосиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Қисмҳои асосии аппарати кинопроексионӣ: механизми лентакаш (ҳаракати наворро таъмин мекунад); кассетаҳои лентадеҳ ва лентагир; системаи равшанкунию проексионӣ (барои равшан кардани экран ва проексия кардани тасвир дар он); олоти таҷдиди садо; системаи бо энергия таъмин ва идора кардани кори дастгоҳ. Дар аппарати кинопроексионӣ навор бо ёрии механизми лентакаш бо фосила ҳаракат мекунад. Ҳангоми аз кадр ба кадр гузаштан роҳи сели рӯшноиро пешгираки махсус – обтюратор мепӯшад. Обтюратор бо механизми ҳаракати фосиланок ҷӯр шуда кор мекунад, ки дар натиҷа фосилаҳои бо басомади муайян ҳаракат кардани кадр барои тамошобин ноаён мемонад. Аппарати кинопроексионӣ собит ва сайёр мешавад. Аппарати кинопроексиониӣ собит барои проексия кардани навори 35 мм (муқаррарӣ ва васеъэкран) ва 70 мм (васеъформат)-и сабт кардашуда таъйин шудааст. Баробари ривоҷ ёфтани технологияи коркарди қиёсӣ ва рақамии маълумот истифодаи аппарати кинопроексионӣ торафт аз байн меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аппарати кинопроексионӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.