Аппендикс
Зоҳир
Аппендикс (аз лот. appendix — замима, зоид), кирмрӯда — изофаи кирмшакли кӯррӯда. Дарозии аппендикси одам 1 — 28 см, қутраш 4 — 5 мм аст; дарозии аппендикси навзодон 3 — 5 см, кӯдакони 10 — 12-сола 9,5 см мебошад. Баъзе одамон аппендикс надоранд. Дар давраи пирсолӣ аппендикс кӯтоҳ ва атрофия мешавад. Дар аппендикс ҷой доштани паразитҳои гуногун (мас., Balantidium coli, Entamoeba histolytica) ва кирмҳо (киҷҷаҳо, аскаридаҳо ва ғ.) имконпазир аст. Илтиҳоби аппендиксро аппендитсит меноманд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аппендикс // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.