Jump to content

Аппендикулярҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аппендикулярҳо
Oikopleura dioica
Oikopleura dioica[en]
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Appendicularia Fol, 1874
Мутародифот
  • Larvacea
Таксонҳои хоҳар

Аппендикулярҳо (лот. Appendicularia) — як радаи ҷонварони хордадор.

Аппендикулярҳо ҷонварони хурд (то 1 см) буда, дар баҳрҳо ҳаёт мегузаронанд. Тани аппендикулярҳо аз хорда, торҳои асаб ва ҳуҷайраҳои мушакӣ иборат аст. Дар ҳалқумаш як ҷуфт сӯрохии ғалсама дорад. Аппендикулярҳо ҷонварони бемақъад (клоака) мебошанд. Дар сатҳи бадани аппендикулярҳо «ҳуҷраи» атоламонанд мавҷуд аст, ки ҷисми ҳайвонро пурра фаро мегирад. Аппендикулярҳо дум ҷунбонда, обро ба воситаи сӯрохии пеш, ки дорои полояк аст, ба даруни ҳуҷра тела медиҳанд. Микроорганизмҳое, ки аз полояк мегузаранд, барои аппендикулярҳо ғизо мебошанд. Аппендикулярҳо ҳуҷраи кӯҳнаи ифлосро партофта, онро ба ҳуҷраи нав иваз мекунанд. Аппендикулярҳо асосан дар қабатҳои болоии ҳамаи баҳру уқёнусҳо маскун шудаанд. Бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Бидуни метаморфоз инкишоф меёбанд.