Аппликатура
Зоҳир
Аппликатура (ё Ангуштгузорӣ) – тарзи ангуштгузорӣ ҳангоми иҷро намудани асар дар созҳои мусиқӣ. Ангуштҳо дар ҷойҳои мушкили иҷрои нотаҳо гузошта мешаванд. Ҳар қадаре, ки тарзи ангуштгузорӣ мувофиқ бошад, ҳамон қадар ифодаи мусиқиву хушоҳангӣ дуруст ва ҷиҳатҳои техникии он осон мегардад. Ишораву тартиби рақамгузории як сози мусиқӣ аз дигараш дида тафовут дорад. Масалан: дар роял ҳама панҷ ангушт ба кор бурда, тартиби рақамгузории худро дорад (1 – ангушти калон, 2 ангушти ишора ва ғайра), аммо дар скрипка,ғижжак, рубоб ва ғ. фақат чор ангушт ба кор бурда мешаванд, ки тартиби рақамҳояшон ба таври зайл аст:
- –ангушти ишора,
- –ангушти мобайн,
- –ангушти беном,
- –ангушти хурд.
Ангушти калон дар ҳолати навохтани ин созҳо вазифаи такягоҳро иҷро мекунад. Ангуштишораҳо дар болои нотаҳо гузошта мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.34. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)