Ғижжак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ғижжаки доирашакл дар осорхонаи Зиёдулло Шаҳидӣ, Душанбе
Ғижжаки чоркунҷа дар осорхонаи созҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков, Душанбе

Ғижжак (ё ин ки - ғиҷҷак) - сози мусиқии тории камончадор, ки дар Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон маъмул аст. Ғижжак аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ бо номҳои гуногун маълум буд. Онро тоҷикон ғижжак, ё ин ки ғиҷҷак, озариҳову арманиҳо камонча, афғонҳо дилрабо, ҳиндуҳо сиринча меноманд.

Муҳаққиқон таърихи пайдоиши ғижжакро ба а-ҳои 9 – 10 нисбат медиҳанд. Мусиқишинос, мутриб ва шоири а-ҳои 16 – 17 Дарвешалии Чангӣ дар асараш «Туҳфат-ул-сурур» пайдоиши ғижжакро дар Осиёи Миёна ба а. 10 ҳамл карда, ихтироъгари онро Абӯалӣ ибни Сино ва Носири Хисрав ном бурдааст.

Тоҷикон бештар ду навъи ғижжакро истифода мебурданд: ғижжаки кӯҳистонии косахонааш чоркунҷа ва ғижжаки косахонааш доирашакл. Мутрибони халқӣ бештар ғижжаки кӯҳистонии дутораро истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон номи устоҳои ғижактарош З. Наҷмиддинов, П. Посевин (Душанбе), Х. Савров (Норак), Д. Раҷабов (ВМКБ), М. Галимов (ш. Хуҷанд) ва диг. машҳур аст. С. 1938 дар ш. Душанбе оркестри созҳои халқии тоҷикӣ ташкил ёфт ва ғижжакро 4-тора карданд, ки он бо фосилаи квинта ҷӯр мешавад. Торҳо чунин ном доранд: тори якум «ми»-и октаваи дуюм, тори дуюм «ля»-и октаваи якум тори сеюм «ре»-и октаваи якум ва тори чорум «сол»-и октаваи хурд. Торҳои ғижжакро асосан аз рӯдаи молҳои хонагӣ тайёр мекарданд. Бо мурури замон торҳои ғижжак ба филиззӣ иваз карда шуданд ва мутрибон бештар аз торҳои аккордии скрипка истифода мебаранд.

С. 1943 дар Консерваторияи давлатии ш. Тошканд лабораторияи илмию таҷрибавӣ таъсис ёфт ва як зумра устоҳо бо роҳбарии А. И. Петросян ба такмилу таҷдиди созҳои халқӣ шурӯъ карданд. Маҳз бо ташаббуси онҳо созҳои халқӣ ба гурӯҳҳои мустақил ҷудо карда шуданд. Гурӯҳи ғижжакҳо дар асоси квинтети оркестри симфонӣ такмил дода, бо бисёр нишонаҳо (ҷӯр, номгӯи торҳо, диапазон, иҷрои штрихҳо ва ғ.) ба онҳо монанд шудаанд. Баъдтар ғижжаки алт, ғижжаки бас ва ғижжаки контрабас пайдо гаштанд. Гурӯҳи ғижжакҳоро дар партитураи оркестрӣ аз ҳама охир ҷойгир мекунанд. Тартиби ҷойгиршавии ғижжакҳо чунин аст: ғижжакҳои якум ва дуюм (онҳоро ғижжаки прима мегӯянд), ғижжаки алт, ғижжаки бас ва ғижжаки контрабас.

Дар Тоҷикистон с-ҳои 50 – 60 – уми а. 20 ғижакнавозони касбӣ Амон Ҳамдамов, Бақоҷон Ҳабибов, Уреил Толмасов, Ҳаким Маҳмудов, с-ҳои 60 – 70 омӯзгорони касбии сози ғижжак Амрохон Муборакшоев, Абдураҳмон Тошматов, Ҳамидқул Ҷумъаев, Ҳасан Пиров, Умар Темуров, Амирбек Мусоев, ғижакнавозони халқи Достӣ Орзуев (ш. Кӯлоб), Абдусалом Раҳимов (н. Ҳамадонӣ), Мирзосома Қурбонов, Мирзоқурбон Солиев (ш. Исфара), Худоёрбек Қурбонбеков, Гурминҷ Завқибеков (Бадахшон) ва диг. фаъолият доштанд.

Барои ғижжак китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои ҷудогона таълиф ва ба табъ расонида шудаанд: «Дарси ғижжак»-и Ҳ. Ҷумъаев ва Ҷ. Охунов (1983), «Созу навои ғижжак» мураттиб Ҳ. Ҷумъаев; (1987), «Орзуи мутриб» (1994) ва «Рози ғижжак» (1997)-и А. Мусоев, «Чанд пйеса барои ғижжак ва фортепиано»-и Х. Абдуллоев, «Дастури ғижжакнавози навшогирд»-и А. Муборакшоев ва А. Мусоев (1998), «Консерт барои ғижжак ва фортепиано»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Пйесаи консертӣ барои ғижжак ва оркестри созҳои миллӣ»-и А. Ҳамдамов, «Консерт барои ғижжак ва оркестри созҳои миллӣ»-и А. Мусоев ва ғ.

Адабиёт[вироиш]

  • Вызго Т. С., Музыкальные инструменты Средней Азии //Исторические очерки, М., 1980;
  • Петросян А. И., Инструментовидение// Узбекские народные инструменты, Т., 1980;
  • Ҷумъаев Ҳ., Охунов Ҷ., Дарси ғижжак, Д., 1983.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.