Jump to content

Аппроксиматсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аппроксиматсия (лот. approximo — наздик мешавам) — иваз кардани ягон объекти риёзӣ бо объекти дигар, ки ба ин ё он маънӣ ба объекти аввал наздик аст.

Аппроксиматсия имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои ададӣ ва хосиятҳои объект бо роҳи иваз кардани он бо объекти содатар омӯхта шаванд. Аксар хатҳои каҷро бо хатҳои шикаста, ададҳои ирратсионалиро бо ададҳои ратсионалӣ, функсияҳоро бо бисёрузваҳо то саҳеҳии матлуб аппроксиматсия мекунанд. Мас., функсияи f(x)-и дар интервали (a, b) бефосиларо бо бисёрузваи алгебравӣ ё тригонометрии P(x) то саҳеҳии муайян метавон аппроксиматсия кард. Нақши аппроксиматсия дар математикаи муосир торафт назаррас гардида истодааст. Аппроксиматсия яке аз мафҳумҳои асосии математика ба ҳисоб меравад.

Дар амалиёти муҳандисӣ баъзан сатҳи мураккабро бо сатҳи сода ё қисмҳои он, сатҳи каҷро (махрут) бо сатҳи бисёррӯя (пирамида) иваз кардан лозим меояд. Дар ин маврид густараи сатҳи сода (бисёррӯя)-ро месозанд ва пас ин густара бо тамсилаи сатҳи мураккаб (каҷ) печонда мешавад, яъне сатҳи махрут бо секунҷаҳо иваз мегардад. Ин секунҷаҳоро дар нақша паҳлу ба паҳлу гузошта, густараи тақрибии сатҳи махрути моилро месозанд. Усули мазкурро, ки триангулятсия (тақсим ба секунҷаҳо) меноманд, дар бинокорӣ ҳангоми бомпӯшии гумбазӣ (курашакл) истифода мекунанд. Мас., аз чоркунҷаю секунҷаҳо ба воситаи аппроксиматсия сатҳи нимкураи боми Суди Олии ҶТ (дар ш. Душанбе) сохта шудааст.